Тақрибан баъди 10 рӯзи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба лағви маҳдудият ё “лимит”-и барқ дар кишвар, давоми се рӯзи охир сокинони манотиқи мухталиф аз мавридҳои зиёди қатъи дубораи нерӯи барқ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, қатъи нерӯи барқ дар сардиҳои охир зиндагиашонро душвор кардааст.

Бархе сокинони шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Вахш, Тоҷикобод, Спитамен, Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Кӯлоб, Ҷайҳун, Панҷ ва Исфараву Конибодом дар посух ба як назарсанҷии “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, дар як шабонарӯз тақрибан 7 соат барқ надоранд. Онҳо нигаронӣ карданд, ки аз соати 22:00 то 05:00 барқ хомӯш мешавад: баъзеҳо давоми рӯз низ барқ надоранд.

Рӯзи 11-уми январ Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати “Барқи тоҷик” супориш дода буд, ки маҳдудият ё “лимит”-и барқро дар тамоми кишвар аз байн бардошта, аҳолиро шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин кунад. Дар пайи ин, ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ки маҳдудият пурра бардошта шудааст.

Барои санҷидани он, ки дастури сарвари давлат чӣ гуна иҷро мешавад, хабарнигорони мо бо сокинони бархе шаҳру навоҳии кишвар ва масъулин суҳбат карданд.

“Супориши президент иҷро намешавад”

Ганҷина Азизбекова, сокини деҳаи Ҷавонони ноҳияи Ҳисор ба “Азия-Плюс” гуфт, нерӯи барқ дар деҳаашон барои чанд соат хомӯш мешавад.

“Дар деҳаи мо чанд хати барқ ҳаст. Аммо барқи хатти 8-умро хомӯш мекунанд, вале хати ҳамсояи 7-ум 24 соат барқ дорад. Дар хусуси дастури раисиҷумҳур дар бораи лағви лимити барқ мегӯянд: “ба шумо дахл надорад, ба ҳар ҷое хоҳед, шикоят кунед”. Рӯзи сеюм аст, ки дар ин хунукӣ аз надоштани барқ азоб мекашем. Агар дар кишвар “лимит”-и барқ бошад, бигзор дар ҳама ҷо хомӯш шавад, агар не, пас чаро дар як хат 24 соат барқ фурӯзон асту дар дигараш аҳолӣ азоб мекашанд”, - нигаронӣ кард Ганҷина Азизбекова.

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳам дар шарҳи назарсанҷии “Азия-Плюс” навишт, ки се рӯз аст барқ дар минтақаи онҳо хомӯш мешавад.

“Дар мо аллакай се рӯз боз барқро хомӯш карда истодаанд. Мо сокинони ҷамоати Қиблайи ноҳияи Рӯдакӣ ҳастем”,- навиштааст ӯ.

“Лимит”-и барқ ба Хатлон пурра баргашт

Ҳамин тавр, сокинони чанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ гуфтанд, баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон қариб 10 рӯз барқ хомӯш нашуд, вале шурӯъ аз 19-уми январ “лимит” дубора баргашт. Масъулини шабакаҳои барқ мегӯянд, фишор дар хатҳои барқ зиёд аст.

Ба гуфтаи Алфия Мирзораҳматова, як сокини ноҳияи Шаҳритус, қаблан дар он ҷо аз соати 23:00 то 05:00 барқ ​​хомӯш мешуд, аммо баъди дастури роҳбари давлат ҳатто шабона бо барқ ​​таъмин буданд. Гоҳе рӯзона як ё ним соат хомӯш мешуд. Вале шурӯъ аз 19-уми январи соли ҷорӣ аз рӯи ҷадвали қаблӣ боз “лимит”-и барқ баргашт.

Як корбари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ менависад, ки ӯ дар ноҳияи Хуросон зиндагӣ мекунад ва барқи онҳо низ шабона хомӯш мешавад.

Акс аз CABAR.asia

“Кормандони “Барқи тоҷик” ба амри раисиҷумҳури кишвар итоат накарда, дубора ба ҷорӣ кардани лимит шурӯъ карданд. Дастгоҳҳояшон (рақамҳои телефонашон- дар назар аст, муаллиф) посух намедиҳад, натавонистем тамос бигирем”, - нигаронӣ кард ин сокини ноҳияи Хуросон.

Сокинони шаҳру навоҳии Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Ҷайҳун, Норак, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Дӯстӣ ва Кӯшониён низ дар навбати худ хабар доданд, ки пас аз дастури раисиҷумҳур “лимит”-и барқ пурра лағв нашудааст, балки он аз 6 то 3 соат коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, барқ барои як ё ду соат хомӯш мешавад, ки масъулин онро ба садама ё корҳои профилактикӣ рабт медиҳанд.

Масъулин: “Фишор зиёд аст”

Раҷабалӣ Бояков, сармуҳандиси шабакаҳои барқи ноҳияи Бохтар дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, рӯзҳои ахир ниёз ба нерӯи барқ ​​дар минтақаи хизматрасонии онҳо афзоиш ёфтааст.

“Дар муқоиса бо соли гузашта талаботи шабонарӯзӣ ба нерӯи барқ ​​аз 2,5 миллион кВт ба 9,6 миллион кВт афзоиш ёфт. Танҳо дар шаҳри Бохтар талабот ба нерӯи барқ ​​дар як шабонарӯз беш аз 600 кВт афзудааст. Масалан, соли гузашта эҳтиёҷоти шаҳри Бохтар аз 700 то 1 миллион кВт буд, имрӯз эҳтиёҷоти шаҳр ба 1,6 миллион кВт дар як шабонарӯз баробар аст. Дар робита ба ин, дар хатҳо сарборӣ ба амал омада, ҳодисаҳои нохуш рӯй медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо кор намекарданд. Истифодабарандаи асосии нерӯи барқ аҳолӣ мебошанд. Дар шаҳр системаи гармидиҳӣ нест ва ҳама хонаҳои худро бо нерӯи барқ ​​гарм мекунанд”, - гуфт ӯ.

Номбурда нигаронӣ кард, ки тақрибан ҳамаи хатҳои барқи минтақаи онҳо беш аз 50-60 сол боз хидмат мекунанд ва кӯҳна шудаанд. Онҳо аз уҳдаи фишори зиёд баромада наметавонанд.

“Аммо тамоми хадамоти садамавии мо шабонарӯзӣ кор мекунанд ва мо кӯшиш мекунем, ки ҳама ҳодисаҳои нохушро сари вақт бартараф намуда, мардумро бо рӯшноӣ таъмин намоем”, - гуфт ӯ.

Аммо ин вазъият танҳо дар давраи лағви маҳдудияти барқ буд, ки дар вилоят кариб 10 рӯз давом кард. Аз 19 январ реҷаи “лимит”-и барқ аз нав шурӯъ шуд. Масъулин инро ба паст будани ҳарорати ҳаво рабт медиҳанд, ки дар он тавлиди нерӯи барқ ​​низ коҳиш меёбад.

Шикоятҳо аз қатъи барқ дар Суғд

Дар вилояти Суғд низ шикоятҳои зиёде аз маҳдудияти барқ шунида мешавад. Сокинони вилоят дар тааҷҷубанд, ки чаро супориши сарвари давлат иҷро намешавад?

Аз ҷумла, Мурод ном сокини ноҳияи Айнӣ дар зери пурсиши “Азия-Плюс” навиштааст, ки дар минтақаи онҳо шурӯъ аз рӯзи 20-уми сентябр аз соати аз 22:00 то 05:00 барқ хомӯш мешавад.

“Бо дастури Пешвои миллат аз санаи 11-уми январ дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд, аммо дар ноҳияи Айнӣ ин дастур ба пуррагӣ риоя намешавад. Дар чунин давраҳои сард зиндагӣ дар деҳот хеле душвор мешавад”, - навиштааст як сокини дигари ин ноҳия.

Акс аз CABAR.asia

Шерзод, аз Истаравшан навиштааст, ки “баъди хунукшавии ҳаво лимит бардошта шуд, ҳоло лимит нест, аммо баъзе рӯзҳо чанд соат барқро хомӯш мекунанд”.

Сокинони Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ аз қатъи интиқоли нерӯи барқ шикоят кардаанд.

Мушкил дар низоми барқрасонии ВМКБ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона минтақае дар кишвар аст, ки одатан сокинони он аз қатъи нерӯи барқ азият намекашанд. Чунки он аз низоми умумии барқрасонии кишвар ҷудо аст ва ширкати барқии “Помирэнерҷи” масъули таъмини барқи аҳолии ин минтақа аст. Вале сардиҳои имсола ба кори ин ширкат низ бетаъсир намонд ва кори онро баҳам зад.

Аз ҷумла, рӯзи 18-уми январи соли 2023 ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки Алишер Мирзонабот, раиси вилоят ҳамроҳи масъулин аз иншооти энергетикии вилоят дидан кард ва гуфт, ки “бар асари якбора сард шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили неругоҳи баркии “Помир-1” монеа эъҷод намуд”.

“Айни ҳол бо сабаби камбуди об дар дарёи Ғунд норасоии неруи барқ дар неругоҳҳои “Помир-1” ва “Хоруғ” дар маҷму 8 мегаватро дар бар мегирад. Талаботи аҳолӣ бошад, ба неруи барқ 50 ҳазор киловат соат мебошад”, - гуфта мешавад дар иттилоияи ҳукумати ВМКБ.

Эътироф ва тамдиди созишномаи фурӯши барқ ба Афғонистон

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ҳозир нашуданд, ки қатъи дубораи барқро дар сартосари кишвар шарҳ диҳанд. Дар аввали фасли зимистон, ин ширкат бо пахши як изҳорот маҳдудияти нерӯи барқро дар кишвар тасдиқ карда гуфта буд, ки “вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар шаҳри Норак гуфта буд, ки дар кишвар “лимит”-и барқ ҳаст, вале он муваққатӣ мебошад.

Шикоятҳо аз қатъи дубораи барқ дар кишвар дар пасманзари имзои созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон садо медиҳад. 11-уми январ Вазорати энергетика ва оби Афғонистон хабар дод, ки ширкатҳои “Барқи тоҷик”  ва “Брешно” (Корхонаи миллии барқи Афғонистон ё DABS) созишномаи интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон барои соли 2023 тамдид карданд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содир шуда буд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021, 276 миллион киловат соат бештар аст.

Чанде пеш шабакаҳои барқи Сурхондарёи Ӯзбекистон хабар дод, ки барои таъмини 14 ноҳияи ин вилоят хариди барқро аз Тоҷикистон зиёд кард. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи фурӯши барқ ба Ӯзбекистон расман чизе нагуфтанд.

Тасмим фурӯши барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон танқидҳоро дар дохили кишвар зиёд кардааст ва баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомот бояд аввал мардуми Тоҷикистонро бо барқ таъмин кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.