Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ситоди пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои об таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, бо ёрии техникаи махсус корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ шуда, мутахассисон миёни истироҳаткунандагон варақаҳо доир ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариву оббозӣ ва расонидаи ёриҳои аввалияи тиббӣ паҳн мекунанд.
Гуфта мешавад, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истироҳатгоҳҳо дар соҳилҳое, ки маъмулан одамони зиён ҷамъ меоянд, тибқи дастури роҳбарияти КҲФ аз ҳисоби корманду ғаввосон ва духтурону мутахассисони дигари Кумита навбатдорӣ ташкил карда шудааст.
“Кумита ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки расман дар саросари кишвар мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз шудааст”, - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, то 12 июни соли 2023 дар обҳои кишвар 56 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон мебошанд. Имдодгарони КҲФ ҷони 15 нафарро аз марг наҷот доданд.
КҲФ бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад ва онҳоро ба риояи қоидаҳои оббозиву шиноварӣ даъват менамояд:
- фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва чун дар соҳили обҳо қарор доред, онҳоро беназорат нагузоред;
- дар маконҳои ношинос оббозӣ накунед;
- дар ҷойҳое, ки нишонаҳои огоҳкунандаи мамнуъ будани оббозӣ овезон карда шудаанд, оббозӣ накунед;
- дар ҳолати мастӣ вориди об нашавем;
- пеш аз он ки вориди об шавед, ба худ ва фарзандонатон камзӯлҳои шиноварӣ пӯшонед. Агар ин гуна имкон надоред, пас талош кунед дар ҷойҳое оббозӣ кунед,ки бехатар бошад;
- дар дохили об бозӣ накунед, бахусус аз амалҳое ба мисли дасту пои ҳамдигарро доштану кашидан худдорӣ намоед.