Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникӣ ба маблағи 500 млн долларро ббарои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Лоиҳа дар нақшаи пешбинишудаи Бонк дар соли 2024 қарор дорад.
Гранти кӯмаки техникӣ маблағгузории иловагиро барои тавсеаи ҳаҷми гранти кунунии 32 млн доллари ИМА омода мекунад, ки аз ҷониби БОР дар соли 2018 барои лоиҳаи “Ҳифзи ҳамгирошудаи солимии модару кӯдак” тасдиқ шудааст. Ин тарҳ ба ҳукумати Тоҷикистон дар беҳбуди хидматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Шамсиддини Шоҳин кумак мекунад.
Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хидматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи озмоишии дигар – Дарвоза, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад.
Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.
Гранти кӯмаки техникӣ тарҳи техникӣ, нақшаи муфассали хароҷот, таҳлил ва инчунин дастгирии амалҳои пешакӣ ва оғози маблағгузории иловагии пешниҳодшударо омода мекунад.
Тоҷикистон соли 1998 ба Бонки осиёии рушд ҳамроҳ шуд. Дар давоми 25 сол БОР маҷмӯи васеи бахшҳои кишвар, сар аз зерсохтори стратегии роҳ ва энергетика то соҳаи тандурустӣ, рушди малакаҳои корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим ва соҳаи молияро дастгирӣ мекунад. Дар ин давра ба кишвар ба сурати умум дар ҳаҷми 2,5 млрд доллар, аз ҷумла ҳудуди 2 млрд доллар ба сифати грант кумак расонида шудааст.
Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд, ки 49-тои онҳо дар минтақаи Осиёи ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.
Вас лишили российского гражданства за неявку в военкомат? Рассказываем, что делать дальше
В УВКБ ООН призвали Таджикистан остановить депортацию афганских беженцев
Таджикские дзюдоисты завершили сезон бронзовой медалью в Токио
В Сирии свергли режим Асада. Убежище бежавшему президенту предоставила Россия
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 декабря 2024 года
Новогодние направления для отдыха на море и шоппинга в 2024 году
Smart-освещение, многофункциональная мебель и никакого блеска: тренды интерьерного дизайна
Как выплачиваются декретные и пособия по уходу за ребенком в Таджикистане?
Можно ли поменять свою подпись, и как это сделать в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста