Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои муайян кардани беҳтарин донишҷӯи соли 2023 озмуни “Донишҷӯи сол – 2023” доир мекунад.
Озмун миёни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Русия баргузор мешавад.
Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳадафи баргузории ин озмун дарёфти чеҳраҳои наву ҷавонони лаёқатманд, муаррифӣ ва муттаҳид кардани ҷавонони соҳибистеъдод дар хориҷи давлат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар байни донишҷӯён мебошад.
Дар озмун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, дар гурӯҳи рӯзона таҳсил менамоянд иштирок карда метавонанд.
Донишҷӯёне, ки дар соли аввал таҳсил менамоянд, бо назардошти ҷамъбаст нагардидани соли аввали таҳсил имконияти иштирок дар озмунро надоранд.
Бояд гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик то рӯзи 30-юми декабри соли 2023, соати 18:00 метавонанд номзадии худро тавассути пайванди зерин пешбарӣ кунанд: https://forms.gle/AEsoRjnijQXBNhER8
Нусхаи ҳуҷҷатҳои иловагиро тариқи суроғаи электронӣ [email protected] ирсол намоянд.
Телефон барои тамос: +79264626201
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Кем был первый чемпион мира из Таджикистана по стрельбе?
Гребцы из Таджикистана выиграли бронзу на чемпионате Азии в Китае
Эмомали Рахмон поздравил с избранием нового папу Римского и канцлера Германии
В Душанбе откроют Центр государственных услуг. Для чего он нужен?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 мая 2025 года
Майские змеи в горах Таджикистана: как защититься и оказать первую помощь?
6 городов, которые отказались от уличных парковок и не жалеют об этом
Как подготовить ребенка к рождению брата или сестры?
Как вам дышится в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 мая 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста