Сафорати Ҷопон ва Агентиии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (JICA) ҷиҳати шиносоии рӯзноманигорон бо чанде аз лоиҳаҳо оид ба беҳбуди низоми тандурустии Тоҷикистон барои онҳо сафари матбуотӣ ташкил карданд.
Видеоэндоскопи нав кори табибон ва беморонро осон кард
Нахуст журналистон аз Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат боздид намуданд. Ин ҷо дар доираи лоиҳа оид ба такмили таҷҳизоти тиббии беморхонаи марказӣ видеогастроэндоскопи нав насб шуд.
Ҷарроҳ-эндоскописти ин беморхона Раҷаб Зайниддинов дар бораи чӣ гуна осон шудани кори табибон ва беморон бо истифода аз ин дастгоҳ изҳори назар кард.
«Агар қаблан аҳолии шаҳр барои ташхис маҷбур буд, ки ба муассисаҳои тиббии Душанбе муроҷиат кунад, пас аз соли 2020 бо мусоидати Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо кард», - зикр кард ӯ.
Эндоскопи муҷаҳҳаз бо видеокамера ба омӯзиши ҳолати гурӯҳи узвҳо ва муоинаи ҷузъӣ ва ҳамаҷонибаи онҳо имкон медиҳад.
"Сабабҳои маъмултарини истифода аз видеоэндоскоп - хунравӣ аз бинӣ, басташавии бинӣ, гумон ба синусит, полипҳо ё ҷисмҳои бегона, мушкилоти фурӯ бурдан ва гум шудани шунавоӣ мебошанд", - зикр кард табиб.
Ба қавли табибони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, ҳамарӯза ба онҳо 10-15 нафар беморон натанҳо аз ин шаҳр, балки аз ноҳияҳои ҳамсоя низ муроҷиат мекунанд. Ҳамаи ҷараёни ташхис бо видеокамераҳо нишон дода шуда, наздикони бемор дар реҷаи мустақим (онлайн) онро дар мониторҳо мушоҳида мекунанд.
Раҳбарияти Беморхонаи марказии Ваҳдат барои кумаки расида ба ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷопон изҳори миннатдорӣ намуд.
Сафорати Ҷопон соли 2021 Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдатро бо таҷҳизот ба маблағи беш аз 89 млн доллар таъмин кард.
Мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”-и муосир - барои хидматрасонӣ ба аҳолӣ
Дар идома рӯзноманигорон аз Беморхонаи марказии Данғара, ки дар он ҳам бо ёрии ҷониби Ҷопон таҷҳизоти муосири тиббӣ насб шудааст, боздид намуданд.
Сафорати Ҷопон ва Агентии ҳамкории байнулмилалӣ(JICA) ба муасисаи тиббии ноҳияи Данғара сканери сайёр (портативӣ)-и ултрасадо, дастгоҳи ултрасадо, катҳои эҳёгарӣ (реаниматсионӣ), автоклав, таҷҳизоти сайёри рентгенӣ доданд.
Ғайр аз ин, тибқи лоиҳаи махсус ба ноҳияи Данғара 3 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ дода шуд, ки бо ҳамаи воситаҳои зарурии расонидани кумаки аввалияи тиббӣ муҷаҳҳазанд.
Автомобил ва таҷҳизоти нав самаранокии расонидани кумаки таъҷилии тиббиро ба аҳолӣ ба таври назаррас боло бурданд.
Маблағи умумии “Лоиҳаи беҳтар намудани кори мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” наздики 5,3 млн долларро ташкил дод. Дар доираи лоиҳа ҳамагӣ 94 мошини ёрии таъҷилӣ дода шуд, ки миёни муассисаҳои тиббӣ дар саросари Тоҷикистон тақсим карда шуд.
Гирифтани санг аз гурда бидуни ҷарроҳӣ
Дар Душанбе намояндагони матбуот бо лоиҳаи кумаки грантӣ оид ба такмили таҷҳизоти тиббӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” шинос шуданд.
Дар чаҳорчӯби лоиҳа 42 номгӯи таҷҳизоти нави тиббӣ ба маблағи умумии ҳудуди 6,5 млн доллар харида шуд.
Аз ҷумла ба марказ таҷҳизоти наве ворид шуд, ки дар Тоҷикистон назир надорад ва ҳоло ҷараёни насби он идома дорад.
Ин литотрипери фосилавиӣ барои аз гурда баровардани сангҳо бидуни амали ҷарроҳӣ мебошад.
Ба гуфтаи муовини директори маркази “Шифобахш” Маъруф Ҳомидов, чунин таҷҳизот дар Тоҷикистон ягона ва бесобиқа аст.
Ҳамаи ҷараён бидуни амали ҷарроҳӣ сурат гирифта, имкон медиҳад, ки ба бемор худи ҳамон рӯз рухсатӣ дода шавад.
Сейдзю Имай: "Ин ҳоло охири кор нест, корҳои неки зиёд дар пешанд"
Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ дар Тоҷикистон Сейдзю Имай зикр кард, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо намунаи барҷастаи ҳамкории муваффақонаи ҳукуматҳои Ҷопон ва Тоҷикистон барои муосидат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва бахши иҷтимоӣ дар кишвар мебошанд.
«Ҳамкориҳои худро бо Ҳукумати Тоҷикистон мо ҳанӯз соли 1993 оғоз карда будем. Аввалин самти афзалиятнок барои JICA бахши тандурустӣ маҳсуб меёфт”, - иброз дошт Имай.
Ӯ бар ин назар аст, ки дар баробари таҷҳизот, захираҳои инсонӣ низ хеле муҳиманд, аз ин рӯ, ҷониби Ҷопон барои мутахассисони хидматрасон ба таҷҳизоти тиббӣ машғулиятҳо (тренингҳо) мегузаронад.
Ба гуфтаи Имай, Агентии зери раҳбарии ӯ ният дорад, ки минбаъд низ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикон дар соҳаи тандурустӣ ҳамкории бештар самаранокро ба роҳ монад.
Стратегияи JICA дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба таҳкими низоми тандурустӣ ҷиҳати расидан ба фарогирии сартосарии тамоми аҳолӣ ба хидматрасонии тиббӣ тариқи дастгирии амалисозии Стратегияи миллии тандурустӣ то соли 2030 ва Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 20230 равона шудааст.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 октября 2024 года
Синие волосы, неумение готовить и… езда на велосипеде. Чего опасаются матери таджикских девочек?
«Грубят, избивают и оскорбляют». Омбудсмен Таджикистана высказал обеспокоенность отношением к мигрантам в России
В Душанбе открыли новый ресторан KFC
Нобелевскую премию мира присудили японской организации, выступающей за запрет ядерного оружия
В Таджикистане оцифруют таможенные посты
«Азия-Плюс» подала заявление в УМВД Душанбе на заместителя директора лицея №5
Визовый центр Турции в Таджикистане отвечает на самые важные вопросы
Президент Туркменистана наградил Эмомали Рахмона медалью в честь 300-летия Махтумкули Фраги
Как USAID помогает таджикской фабрике Arvis выйти на международный рынок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста