Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумони кишвар ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйирот ворид кард. Дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи қонуни мазкур дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки ин тағйирот “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” пешниҳод гардидааст.
Тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард. Теъдоде онро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, идгардак барои кӯдакон бехатар нест ва дар ин шевае, ки баргузор мешавад, барои ҷомеаи тоҷикӣ бегона аст. Гурӯҳи дигар гуфтанд, ин як манбаи хушнудии кӯдакон аст ва бо қабули қонун наметавон пеши роҳи кӯдаконро гирифт ва онҳоро аз хурсандӣ боздошт.
Сокинон ба маҳдудиятҳои нав чӣ назар доранд? Муфассал дар навори мо бубинед.
Лоиҳаи қонун то ҳол аз ҷониби палатаи болоии парлумон ва президент тасдиқ нашудааст, аз ин рӯ меъёрҳои он дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон, ки ба 16 июн рост меояд, амал намекунанд.
Кем был первый чемпион мира из Таджикистана по стрельбе?
Гребцы из Таджикистана выиграли бронзу на чемпионате Азии в Китае
Эмомали Рахмон поздравил с избранием нового папу Римского и канцлера Германии
В Душанбе откроют Центр государственных услуг. Для чего он нужен?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 мая 2025 года
Майские змеи в горах Таджикистана: как защититься и оказать первую помощь?
6 городов, которые отказались от уличных парковок и не жалеют об этом
Как подготовить ребенка к рождению брата или сестры?
Как вам дышится в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 мая 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста