Ҳамаи ширкатҳои хидматрасонӣ бо таксӣ дар шаҳри Душанбе бояд то 1 сентябри соли 2025 пурра ба истифодаи автомобилҳои барқӣ (элекромобилҳо) гузаранд. Дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Оё ширкатҳо ва ронандагон воқеан барои ин имкон доранд?
Монеаи асосӣ барои ин барои бисёре аз таксистҳо қарзҳо мебошанд. Касе наметавонад қарз гирад, зеро то ҳол пули мошини кӯҳнаашро пардохт накардааст ва дигарӣ дар ташвиш аст, ки мошинашро ба нархи муносиб фурӯхта наметавонад (то ки электромобил харад).
Таксирони ширкати "Рахш Такси" танҳо соли гузашта тавонист қарзи мошинашро пардохт кунад, акнун ӯ нигарон аст, ки мошинашро ба нархи мувофиқ фурӯхта наметавонад, то ки мошини барқӣ харад.
"Ҳоло як сол вақт ҳаст, баъд маълум мешавад. Хоҳ нохоҳ кор кардан лозим, зеро рӯзгори оиларо таъмин кардан даркор аст. Худо хоҳад, сари ягон фикре меоем. Агар дигар илоҷ намонад, боз қарз мегирам," - гуфт мард.
Ҷавони таксирон аз "Олуча" ният дорад барои мошини барқӣ пул ҷамъ кунад. "Ҳама аллакай тақрибан ба онҳо гузаштанд ва вақте ки ман мошин мехаридам, ба ман тавсия карданд, ки ҳамин гунаашро гирам, аммо он вақт маблағ намерасид ва кор кардан лозим буд," - мегӯяд ӯ.
Меъёри солонаи қарз барои мошини барқӣ 28% бо сомонӣ ва 15% бо доллар аст, муҳлаташ то 5 сол. Ин шартҳои "Алиф бонк" аст. "Бонки Эсхата" қарзи мошинро бо меъёри солонаи 22% то 60 моҳ пешниҳод мекунад.
Дар ин маводи мо дар бораи қарзи бонкҳо барои харидани автомашина маълумоти бештар пайдо мекунед.
Чанде аз ронандагон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки агар ба мошинҳои барқӣ гузашта натавонанд, ният доранд бо мошинҳои хусусиашон ба минтақаҳо равуо кунанд.
"Равуо ба минтақаҳо душвор аст, хусусан зимистон ё вақте ки боришот аст, аммо ҳамеша мизоҷон ҳастанд," - мегӯяд ронандаи Asia Express. - Бахусус дар самти Хуҷанд мусофирон бисёранд".
Ӯ аллакай тақрибан бист сол таксиронӣ мекунад, одат кардааст ва намехоҳад касби худро тарк кунад.
Аммо на ҳамаи ронандагон ният доранд корро идома диҳанд, баъзеҳо аллакай тасмим гирифтаанд кори нав ҷустуҷӯ кунанд.
"Ман ният дорам мошинамро фурӯшам ва кори нав ёбам, ҳоло рондани мошинҳои одӣ фоидаовар нест ба харидани мошини нав ё ивази он имкон надорам", - мегӯяд ӯ.
Бо қарори палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аз соли 2022 воридоти мошинҳои барқӣ ба кишвар барои 10 сол аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод аст.
То соли 2025 вақт ҳаст
"Азия-Плюс” ҳамчунин ба ширкатҳои таксӣ муроҷиат кард, то огаҳӣ ёбад, ки оё онҳо метавонад то моҳи сентябри соли 2025 ба мошинҳо барқӣ гузаранд?
Дар бозори Душанбе 12 ширкат фаъолият доранд. Дар шаҳрдорӣ хабар доданд, ки дар шаҳр беш аз 4350 таксӣ кор мекунад, ки аз онҳо беш аз 2450-тоашон мошинҳои барқӣ мебошанд.
"Азия-Плюс" ба чанде аз ширкатҳои таксӣ муроҷиат намуд, аммо аксари онҳо аз додани шарҳ худдорӣ карданд.
Масалан, дар ширкати "Рахш Такси" гуфтанд, роҳбарият дархост намудааст, ки аз додани шарҳ худдорӣ кунанд, дар ширкати "Олуча" гуфтанд, ки мунтазир шавем, лекин баъдан ба зангҳо ҷавоб надоданд. Ҳолати ба ин монанд дар Asian Express: пас аз шунидани саволҳо посух доданд, ки беҳтар аст ба ширкатҳои нисбатан бузург муроҷиат кунем.
Фақат ду ширкат розӣ шуданд, ки дар ин бора суҳбат кунанд…
Маркетологи "ЯК Такси" Руслан Сарбоззода мегӯяд, ки онҳо аллакай 60 фоиз ба самти мошинҳои барқӣ гузаштаанд.
"ЯК Такси" аз 28 декабри соли 2021 яке аз аввалинҳо буд, ки як қисми аввалини мошинҳои барқиро барои хидматрасонӣ ба мусофирон ворид кард, аз ин рӯ, имрӯз мо ба чунин дастовардҳо ноил гардидем, - шарҳ дод ӯ. - Ба ин ҳамчунин қарзи бонкҳо барои мошинҳо мусоидат кард. Мошинҳои кӯҳна фурӯхта шуда, ин пулҳо барои пардохтҳои аввалия барои қарзи мошин истифода шуданд".
Ҳоло дар парки таксии ширкат дар маҷмӯъ зиёда аз 2000 мошин мавҷуд аст.
Дар ширкати "Атлас Такси" имрӯз 140 мошин ҳастанд, ки аз онҳо 80-тоашон мошинҳои барқӣ мебошанд.
"Консепсияи гузариш ба нақлиёти экологӣ дар 2023-2026 дар Душанбе 5 июни соли 2022 аз ҷониби шаҳрдори пойтахт имзо шуд, бинобар ин, мо аллакай ду сол аст, ки онро иҷро мекунем, - мегӯяд директори ширкат Тахмина Баҳронова. - Дар аввал мошинҳои барқӣ гарон буданд, аммо ҳоло нархҳо пон рафта, дастрас мешаванд".
Директори ширкат зикр кард, ки онҳо то муҳлати муқарраршуда метавонанд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.
Ба гуфтаи Бахронова, ронандагоне, ки намехоҳанд ё имкон надоранд, метавонанд дар таксиҳо ба самти ноҳияҳо кор кунанд.
"Масалан, дар самти ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва дигар минтақаҳои наздик, ки ба ин ҷойҳо низ таксиҳо бисёр равуо мекунанд", - мегӯяд ӯ.
Оё тарифҳо поин хоҳанд рафт?
Ба ин савол ҳам танҳо роҳбарони "Атлас Такси" ва "ЯК Такси" розӣ шуданд, ки ба “Азия-Плюс” посух гӯянд.
"95% мошинҳои барқӣ бо қарз гирифта шуда, ронандагон бояд натанҳо ҳар рӯз қарзҳоро пардохт кунанд, балки инчунин оилаҳояшонро таъмин кунанд, хароҷоти ҳаррӯзаашонро пӯшонанд. Ин ҳолатро аксар вақт мусофирон ба инобат намегиранд ва онҳо мепурсанд, ки чаро тарифҳои мошинҳои барқӣ арзон нестанд, дар ҳоле ки худи мошинҳо сарфакоранду хароҷоташон кам аст", - шарҳ медиҳад Тахмина Бахронова.
Дар "ЯК Такси" низ посух доданд, ки чун аксари мошинҳо бо қарз гирифта шудаанд, ҳозир тамоми даромад барои пардохти қарз ва нигоҳ доштани сатҳи миёнаи зиндагии худи ронандагон ва оилаҳояшон сарф мешавад.
Дар ҳамин ҳол:
Муассиси ширкати "Инноватсияи ояндасоз" Сӯҳроб Ниёзов, ки ширкатҳои таксии "Максим", "Арзон" ва Gram ба он шомиланд, ба “Азия-Плюс” дар бораи ба мошинҳои барқӣ гузаштани таксиҳои пойтахт изҳори назар кард.
"Айни замон бозори таксӣ дар Душанбе аз 12 ширкати таксӣ иборат буда, барои кори 4350 мошини таксӣ расман иҷоза доранд. Аммо ин рақам ба воқеият ҷавобгӯ нест. Дар шаҳр бо аҳолии 1,2 млн нафар бояд ҳадди ақал 12-15 ҳазор мошин фаъолият кунад. Ин маънои онро дорад, ки эҳтимолан шумораи зиёди мошинҳо дар "соя" қарор доранд ё пинҳонӣ кор мекунанд (расман ба қайд гирифта нашудаанд, - идора)", - мегӯяд Сӯҳроб.
Ниёзов таъкид мекунад, ки гузариш ба энергияи сабз як пешрафти бузург барои иқтисод аст, аммо ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки истеъмоли барқ хеле афзуда, ин сарбории иловагӣ ба низоми начандон пуриқтидор аст.
"Худатон ҳисоб кунед, як мошини барқӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна метавонад 40 кВт/соат барқ сарф кунад (бо иқтидори батареяи 43,0 кВт/соат ва ба масофаи 300 км.). Бо назардошти парки мошинҳои шаҳр ҳаҷми шабонарӯзии истифодаи барқ 200 000 кВт/соат ва ҳамроҳ бо бозори пасиипадагӣ - 600 000 кВт/соат мешавад”, - шарҳ дод ӯ.
То 6 июн дар пойтахт 136 истгоҳҳои барқгирӣ насб шудаанд.
Дар робита ба ронандагони таксӣ бо автомобилҳои бо муҳаррики дарунсӯз, ки ният доранд ба электромобилҳо гузаранд, соҳибкор зикр кард, ки мошинҳои онҳо ҳоло метавонанд лозим шаванд.
"Дар зимистон чунин мошинҳо ҳоло ба бозор лозим шуда метавонанд. Мо ҳанӯз намедонем, ки вазъият бо барқ дар солҳои наздик чӣ гуна мешавад, дар ҳоле ки истеъмоли барқ дар зимистон хеле зиёд мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки электромобилҳо дар ҳавои сард назар ба вақти муқаррарӣ бештар барқ сарф мекунанд. Агар бо барқ мушкилот ба миён ояд, ин мошинҳо метавонанд сарбории системаи нақлиётро дар давраи зимистон сабук кунанд," - илова намуд номбурда.
Хуснуллин в Душанбе предупредил, что нелегальной миграции в России больше не будет
Wildberries придет в Таджикистан? В Душанбе подписан меморандум о сотрудничестве
С какой целью в Душанбе сегодня прилетал вице-премьер России?
Где в Душанбе выучить таджикский язык?
BAIC BJ80: Мощь и комфорт в одном внедорожнике
В Душанбе обсудили совершенствование знаний о рисках бедствий в Таджикистане
Бортников назвал подрывы пейджеров «Хизбаллы» «прямой угрозой безопасности стран СНГ»
Афиша от «Азия-Плюс»: «Золотое сердце Востока», «Рудаки» и Startupstan Summit 2024
Разговоры о важном. Что нужно внедрять в образовательную программу школьников Таджикистана?
«У меня не было денег»: УМВД Душанбе опубликовало видео с подозреваемым в нападении на таксиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста