Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бори дигар шаҳрвандонро барои кор дар Давлати Қатар барои соли 2025 даъват менамояд. Вазорат рӯйхати касбу ихтисоҳоеро, ки дар ин кишвар серталаб аст, нашр кард.
Мутахассисон аз ҷумла, ба самтҳои зерин даъват мешаванд:
Хоҷагиҳои фермерӣ:
- оператори калони коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;
- техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;
- техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нӯшокиҳо;
- корманди озмоишгоҳ (лаборант), бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нушокиҳо;
- назоратчии системаи ETP/RO, дорои дипломаи дараҷаи бакалавр дар муҳандисии кимиёвӣ;
- ширҷушӣ;
Мутахасисони соҳаи автомобилсозӣ ва таъмири автомобилҳо аз қабили:
- назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи автомобилсозӣ;
- механики дизел;
- ёрдамчӣ дар анборҳои мошинҳои боркаш.
Аз ҷониби корфармо чунин афзалиятҳо пешниҳод карда мешавад:
- музди меҳнат аз 550доллари ИМА боло вобаста ба ихтисос;
- харидории билет ва раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ ва корти нақлиётии ройгон, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пешбинӣ мегардад;
- кор танҳо барои шаҳрвандони донандагони забонҳои англисӣ ё арабӣ пешниҳод карда мешавад;
- синну сол: аз 20-40 сола ;
- барои номнавис кардан бояд CV-и худро бо забони англисӣ пешниҳод намоед.
Ёдрас мекунем, ки қаблан намояндагони Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Қатар ҷузъиёти ба кор фиристодани шаҳрвандон ба ин кишварро баррасӣ карданд.
Моҳи ноябри соли гузашта вазири меҳнати Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ дидору гуфтушунид кард.
Зимни вохӯрӣ масоили ба қайд гузоштан, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва шароити будубош дар Қатар баррасӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон Русия то ҳол самти асосии муҳоҷирати корӣ боқӣ мемонад. Аммо дар ин ҷо тоҷикистониён аксар вақт бо мушкилот, аз қабили фишору ихроҷ қарор мегиранд.
Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи имконот барои муҳоҷирати корӣ ба дигар кишварҳо фаъолона кор мекунад.
Гениальный сатирик. Аловуддина Абдуллоева нет, но память о нем жива
«Когда работаешь с людьми, нужно идти к ним с добротой». Памяти Махкама Аслонова
В Душанбе открыли мультибрендовый магазин Urban Plaza
В Туркменистане миллионные призовые «Аркадага» отдали на благотворительность — футболисты остались без поддержки
Зеленский прилетел в Турцию, Путин нет. Что сказал Трамп?
Андрей Рогачев о секретах мультикультурного менеджмента и культурного интеллекта в бизнесе
Как не убить соседа, что мешает спать? Что такое шумовая агрессия и как с ней бороться
Милиция Душанбе усиливает контроль за парковкой возле мусорных площадок
Таджикистанец Сарвар Хамидов дождался нового соперника в лиге PFL
В Душанбе на линии выйдут 30 электробусов отечественной сборки
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста