Як таҳлили Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар пайи тағйири шадиди ҳаво ва тӯфони чангу ғубори чанд рӯзи охир бемориҳои шадиди роҳҳои нафас хурӯҷ кардааст.
Аз ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сироятҳои шадиди роҳи метавонад боиси авҷ гирифтани дигар бемориҳо, аз қабили ҳассосият (аллергия) ва нафастангӣ гардад.
Аз ин ниҳод таъкид карданд, ки дар кишвар ягон ҳолати паҳншавии оммавии зуком ба қайд гирифта нашудааст ва мавсими гардиши ин вирус ба охир расидааст.
“Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон аз нишонаҳои шабеҳи коронавирус шикоят карданд, аммо Вазорати тандурустӣ таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст”,- гуфтанд аз вазорат.
Ин ниҳод ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар сурати пайдо шудани нишонаҳои бемории коронавирус дар Маркази миллии тиббии Шифобахш (Қарияи Боло), Маркази ташхисии тиббӣ (Диогностика) ё ташхисгоҳҳои хусусӣ муроҷиат кунанд ва аз ташхис гузаранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 18-уми феврали соли 2022 дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ аз моҳи апрели соли 2024 инҷониб гузориш додани ҳамарӯзаи ҳодисаҳои COVID-19-ро қатъ кард.

Аломатҳои бемории шадиди роҳи нафас
Илтиҳоби шадиди роҳҳои нафаскашӣ дар байни аҳолӣ бештар маъмул аст. Ин сироятҳо равандҳои илтиҳобиро дар бар мегиранд, ки аз ҷониби микроорганизмҳои гуногун дар роҳҳои нафаскашӣ ба вуҷуд меоянд.
Роҳҳои асосии интиқоли бемориҳои сироятии роҳи нафас тавассути ҳаво ва тамос мебошанд. Заъф, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди буғумҳо, хунукхӯрӣ ва табларзаи доимӣ аз аломатҳои асосии сирояти роҳҳои нафас мебошад.
Ҳамчунин дарди бинӣ, сулфа, дарди гулӯ ва дарди гӯш низ аз аломатҳои ҷузъии ин навъи беморӣ аст. Ин зуҳуротро ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар якҷоягӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Вазорати тандурустӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ҳолати пайдо шудани аввалин аломатҳои сироятшавӣ ба пизишк муроҷиат кунанд. Пизишк барои муайян кардани намуди дақиқи сирояте, ки ба бадан ворид шудааст ва табобати мувофиқ кӯмак мекунад. Ин роҳ барои кӯтоҳ кардани давомнокии беморӣ ва коҳиш додани хатари мушкилоти ҷиддӣ мусоидат мекунад.





«Черный список» Службы исполнения наказаний: более 27,7 тыс. должников лишены права выезда из Таджикистана
Садыр Жапаров снял с поста главы ГКНБ Кыргызстана Камчыбека Ташиева
В США в ДТП погибла 36-летняя таджикистанка, трое ее детей госпитализированы
В Узбекистане введут «нулевые» классы для подготовки детей к школе
Индекс восприятия коррупции: Таджикистан почти в конце рейтинга
Канализация в Таджикистане – это недоступная роскошь для 75 процентов населения
ФАО помогла Таджикистану укрепить систему диагностики ящура
«Бишкекский маньяк» найден мертвым в СИЗО. Что о нем известно?
Таджикские пограничники задержали афганского контрабандиста с крупной партией наркотиков
Талибы приняли новый Уголовно-процессуальный кодекс Афганистана. В нем узаконена дискриминация и нет презумпции невиновности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста