Дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 83 нафар ба бемории сил гирифтор шудаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон дирӯз, 23-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт, ин нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 279 ҳолат камтар аст. 

Ба гуфтаи ӯ, аз 2083 нафар 183 кас ба бемории сили устувор ва 33 нафар ба сили шакли васеи устувор гирифтор шудаанд.

Инчунин гуфта шуд, давоми ним сол дар ҷумҳурӣ 33 440 таҳлил барои муайянкунии бемории сил гузаронида шудааст.

Абдуллозода иддао кард, ки дар умум дар ҷумҳурӣ нишондоди сатҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш меёбад. 

Ӯ ҳамчунин гуфт, дар шаш моҳи имсол дар кишвар 1 ҳазору 927 ҳолати гирифторӣ ба бемории гепатити А сабт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 561 ҳолат кам шудааст. Соли 2024 дар ин давра 2488 ҳолати гирифторӣ ба гепатити А сабт шуда будааст.

Инчунин 6 нафар ба бемории гепатити Б гирифтор шудааст, ки нисбат ба соли пеш 16 ҳолат кам аст.

 

Гирифтори ба ВНМО камтар шудааст

Ба гуфтаи вазири тандурустии кишвар, давоми ним сол 506 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории вируси норасоии масъунияти одам сабт шудааст. 

 

Asia-Plus

Абдуллозода гуфт, сабти ин беморӣ дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар кам шудааст, аммо чӣ қадар ва дар кадом ноҳия аст, мушаххас нагуфт. Танҳо гуфт, дар ҳудуди шаҳри Душанбе имсол 50 ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли пеш 35 ҳолат камтар аст.

“Самаранокии табобат дар байни кӯдаконе, ки гирифтори бемории ВНМО шудаанд, аллакай 98 фоизро ташкил мекунад”, - таъкид кард номбурда.

Ба гуфтаи Абдуллозода соли равон гармии шадиди ҳаво мушоҳида мешавад ва ин метавонад ба авҷгирии бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои роҳи нафас ва дилу рагҳо оварда расонад. 

Ӯ таъкид кард, “бо вуҷуди ин, ягон ҳолати фавте, ки ба хуруҷи беморӣ аз гармшавии ҳаво алоқаманд бошад, сабт нашудааст”.

Ҳамчунин гуфта шуд, дар байни кӯдакон 20 ҳазору 121 ҳолати бемориҳои шадиди меъдаву рӯъда ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли пеш (23552) 3 ҳазору 431 адад камтар аст. Байни калонсолон бошад 3 ҳазору 431 ҳолати ба ин беморӣ сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

Доруҳо ва маҳсулоти пастсифат 

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 129 ҳазору 634 кг дору, молҳои тиббӣ, маводи ороишию беҳдоштӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, ки ба талабот ҷавобгӯ набуда, сертификати мутобиқат надоштаанд, бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст.

Инчунин, аз дорухонаҳои кишвар 202 номгӯ дору ва молҳои тиббӣ ба миқдори 1786 адад аз муомилот боздошта шудаанд. 

Ба иттилои вазорат, дар нимсола 45 миллион адад дору дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол шудаанд. Гуфта шуд, ҳоло дар ҷумҳурӣ 69 корхонаи ватанӣ ба истеҳсоли дору машғул аст, ки беш 355 номгӯи дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол мешавад. ҳамчунин дар ин корхонаҳо коркарду бандубасти гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, дар шаш моҳ 4 ҳазору 228 кг маҳсулоти хӯрокаи пастсифат ва муҳлати истеъмолиашон гузашта, ки маблағи умумиашон 177 ҳазору 791 сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз муомилот боздошта шудааст. 

Ин миқдор нисбат ба соли гузашта қариб 60 баробар камтар аст.

Соли 2024-ум 270 ҳазору 487 кг чунин маҳсулот аз муомилот боздошта шудааст, ки маблағи умумиашон  3 миллиону 864 ҳазору 650 сомонӣ будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.