Нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” охири моҳи сентябр дар Олмон баргузор мегардад. Баъдан, моҳи октябр дар Тоҷикистон рӯнамоӣ мешавад. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, роҳбари киностудияи “Довфилм”, ки коргардони филми мазкур аст, ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин нахустнамоиши ҷаҳонии филм аст, ки дар шаҳри Хемнитси Олмон дар доираи 30-юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои бачагон ва наврасон - “Шилингел” баргузор мегардад.
“Аз кумитаи тадорукот ба номи коргардон ва қаҳрамони марказии филм Абдулло Абдураҳимзода таклифномаи расмӣ дастрас гардид. Охири моҳи сентябр мо ба Олмон сафар мекунем”, - гуфт Муҳиддини Музаффар.
Коргардон афзуд, дар шаҳри Душанбе дар доираи кинофестивали байналмилалии “Тоҷи Сомон” моҳи октябр нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” баргузор мегардад.
Ғайр аз ин, филми мазкур дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Теҳрон бо иштироки аҳли зиё ва намояндагони расонаҳои хабарии Эрону Тоҷикистон нахустнамоиши филм баргузор мегардад. Дар ин намоиш танҳо меҳмонҳои хос бо даъватнома ширкат варзида метавонанд.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи коргардон, дар фасли поизи имсола филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба кинофестивали байналмилалии филмҳои бачагон ва наврасони Исфаҳони Эрон ҳам роҳхат гирифтааст.
Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” аз ҷониби киностудияи “Довфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ширкати телевизионии “Ifilm”-и Эрон, ширкати тиҷоратии эронии “Сикоп” наворбардорӣ шудааст.
Дар филм ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон, Русия ва Эрон барои нақшофарӣ ҷалб карда шудаанд.
Ин филм аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов баҳору тобистони соли 2024 давоми 40 шабонарӯз дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва Душанбе ба навор гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” моҳи октябри соли 2024 дар синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Мазмуни мухтасари филми “Моҳӣ дар шаст”
Далер, писарбачаи даҳсолаи тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ҳамроҳи Самад, ки ба бозиҳои қиморӣ майл дорад, ба ҷустуҷӯи модараш Хуршеда мебарояд. Дар ин сафари пурмоҷаро онҳо бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба Далер барои ба камол расидан ва дарк кардани аҳамияти интихоб кӯмак мекунанд. Дар охири сафар писарак бояд қарори тақдирсозе қабул кунад, ки зиндагии ӯро то абад дигаргун месозад.
Марҳилаи иншо, муҳокима ва коркарди ғояи филмномаи “Моҳӣ дар шаст” шурӯъ аз соли 2022 бо иқдоми коргардон Муҳиддини Музаффар ва коркарду муҳокимаи филмноманавис Бахтиёр Каримов, роҳбари эҷодӣ, коргардон Валерий Аҳадов ҷараён гирифта аст.
Барои интихоби қаҳрамони марказии филм - Далер коргардони филм Муҳиддини Музаффар дар аксари мактаб-интернатҳои саросари ҷумҳурӣ бо иштироки 1 ҳазору 800 тарбиятгиранда кастинги ҳунарпешагони хурдсол гузаронида шуд.
Сайёра Сафарӣ, Хуршед Мустафоев ва нахустин бор дар экран Абдулло Абдураҳимзода нақшҳои марказиро офаридаанд.
Ёдовар мешавем, ки киностудияи “Довфилм” 5-уми октябри соли 2023 таъсис ёфтааст.






Мебельные цеха в Душанбе, где делают качественную уютную мебель
В Душанбе сносят УМВД. Рассказываем историю этого здания
Сколько лет нужно копить на квартиру в странах Центральной Азии?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 декабря 2025 года
«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста