Дар соли 2025 дар қонунгузории Русия дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ тағйиру иловаҳои зиёд ворид шуд. Давоми сол бисёре аз қоидаҳое, ки ба вуруди муҳоҷирон ва фаъолияти онҳо марбут буд, бозбинӣ шуданд. Баъзе тағйирот ҳанӯз аз оғози сол ҳукми қонунӣ гирифта, бархеи дигар, тобистон ва қисма аз онҳо маҳз дар рӯзи 1-уми сентбяр мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар ин мавод, мо шарҳу тавзеҳи ҳамаи онҳоро гирдоварӣ кардем.

 

Аз 1-уми сентбяр барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?

Аз 1-уми сентябр дар шаҳр ва вилояти Маскав макони ҷойгиршавӣ (будубош)-и муҳоҷиронро пайгирӣ мекунанд. Акнун нафаре, ким ба Русия барои кор меояд, бояд замимаҳои "RuStore" боргирӣ кунад.

Баъдан, худро бояд дар ин замима ба қайд гирад ва он ба таври худкор маълумот дар бораи макони будубоши шахсро ба ВКД ирсол мекунад. Агар маълумот дар се рӯз ворид нашавад, муҳоҷирро метавонанд аз қайд бароварда, ба “рӯйхати шахсони таҳти назорат” дохил кунанд ва минбаъд ихроҷ ҳаммешавад.

Ин замима барои онҳое лозим аст, ки барои кор таҳсил, сайёҳӣ омадаанд ва аз 90 рӯз зиёд дар Русия меистанд. Ба ноболиғон насби замима лозим нест.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия
Акс аз хабаргузории ТАСС

 

Ҷорӣ гардидани боҷҳои нав барои муҳоҷирон

Сар аз 1-уми сентябр, дар Русия барои муҳоҷирони корӣ боҷҳои нав ҷорӣ гардид ва, ҳамчунин, арзиши бархе хидматрасонӣ, мисли тамдиди "патент" ва ё азнавбақайдгирии он гарон шуд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ҳамакнун барои баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон дар маҳалли будубош 500 рубл ситонида мешавад. То ин вақт ин хидматрасонӣ ройгон буд.

Ҳамчунин, аз имрӯз шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия барои тамдиди муҳлати иқомати муваққат 1000 рубл пардохт мекунанд.

Барои тамдиди иҷозатнома барои кор (патент) ё азнавбақайдгирии он акнун 4200 рубл ситонида мешавад. Вале агар хоҳед, ки нусхаи "патент"-ро ба даст биёред ва ягон тағйирот ба он ворид кунед, 2100 рубли дигар пардохт мекунед.

Ҳамчунин, муҳоҷирон минбаъд барои сабти ном дар макони зист 1000 рубл пардохт мекунанд. То кунун он 420 рубл буд.

 

Сабаби нави рад шудани вуруд ба Русия

Аз 1-уми сентябри соли 2025 сарҳадбонони ин кишвар метавонанд бидуни шарҳу ифшои сабаб вуруди шаҳрванди хориҷиро манъ кунанд. Дар тавзеҳоти он “бо мақсади таъмини амнияти Федератсияи Русия” (модд. 27 Қонуни федералии №114) гуфта шудааст.

Ин қоида метавонад ҳатто ба шахсоне дахл кунад, ки пештар бидуни мушкил тариқи раводид ё реҷаи бе раводид ба Русия рафтуомад мекарданд.

 

Аз оғози соли 2025 чӣ тағйиру илова ворид шуда буд?

Аз 30-юми июни соли 2025 барои хориҷиён, ки бе раводид ба Русия ворид мешаванд, таҳияи симо (профил)-и рақамӣ ҳатмӣ шуд. Яъне ҳангоми гузаштани сарҳад тариқи фурудгоҳ ё дигар нуқтаҳои убур муҳоҷирон бояд маълумоти биометрии худ, аз ҷумла сурати рӯй ва изи ангуштонро супоранд.

Ин маълумот ба замимаи махсуси мобилии “Госуслуги RuID” ворид карда мешавад, ки ҷиҳати тезтар гузаштан аз назорати сарҳадӣ кумак карда, шаҳрванди хориҷиро дар низоми рақамӣ ба ҳисоб мегирад.

"Симои рақамӣ" ба мақомот дар бораи кӣ ва кай ба кишвар ворид шудан маълумот медиҳад. Кӯдакони синни то 6-сола, шаҳрвандони Беларус ва чанд дигар категорияи дигар истисно мебошанд.

Расмиёти супоридани изи ангуштон
Акс аз хабаргузории РИА Новости

 

Огоҳинома барои вуруд тариқи замимаи “Госуслуги RuID”

Аз 30-юми июни соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаддиақал 72 соат пеш аз вуруди худ ба Русия, тариқи замимаи мобилии “Госуслуги RuID” ба мақомоти Русия огоҳинома пешниҳод мекунанд. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ (масалан, беморӣ ё марги хешовандони наздик) ба пешниҳоди огоҳинома 4 соат то ворид гардидан иҷоза дода мешавад.

Пас аз пешниҳоди дархост дар замима "QR-рамз" сохта мешавад, ки зимни вуруд онро пешниҳод кардан зарур аст. Огоҳинома дар муҳлати 90 рӯз аз замони пешниҳоди он амал мекунад.

 

Маҳдуд кардани муҳлати будубош

Реҷаи бидуни раводид ба истиқомати доимӣ дар Русия ҳуқуқ намедиҳад. Он танҳо ворид шуданро ба муҳлати кӯтоҳ соддатар мекунад.

Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд то 180 рӯз дар ин кишвар будубош кунанд. Аммо аз 1-уми январи соли 2025 муҳлати будубоши зодагони Тоҷикистон то 90 рӯз дар як сол маҳдуд карда шуд.

 

Тамдиди муҳлати ақди никоҳ бо шаҳрванди Русия барои дарёфти РВП

Қаблан барои дарёфи Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар Русия 1 сол доштанти ақди никоҳ бо шаҳрванди Русия кифоя буд.

Аз 25-уми январи соли 2025 муҳлатро дароз карданд. Акнун барои анҷоми расмиёти Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) бо тартиби соддашуда на камтар аз 3 сол дар ақди никоҳ қарор доштан лозим аст, ки барои ба таври соддашуда зиндагӣ кардани дар Русия ҳуқуқ пайдо кунед.

Оҷонсии хабарии шаҳрии "Маскав»/Кирилл Зиков

 

Зиёдшавии ҷаримаҳо

Ҷаримаҳо барои ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирон дар Русия зиёд карда шуданд. Барои нақзи қоидаҳои вуруд ва хуруҷ ба/аз Русия, инчунин риоя накардани шартҳои будубош ё иқомати шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар, ҳаҷми ҷарима то 5000 рубл зиёд карда шуд.

Пештар ҳаҷми ҷаримаи ҳадди ниҳоӣ 2000 рублро ташкил медод.

 

Шадид шудани назорат аз болои корфармоҳо

Аз соли 2025 назорат аз болои корфармоҳо, ки шаҳрвандони хориҷиро киро мекунанд, нисбатан ҷиддитар шуд. Акнун ширкат ва соҳибкорони хусусӣ дар муҳлати се рӯз бояд ВКД-ро аз қабул ва аз кор озод кардани муҳоҷирон огоҳ кунанд.

Ғайр аз ин, корфармоҳо бояд худашон мустақилона патент ё иҷозатнома барои кор доштани муҳоҷирнро санҷанд, то ки қонунгузории муҳоҷират риоя карда шавад.

Ин чораҳо баҳри коҳиши ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба кор машғул будан ва баланд бардоштани масъулияти ширкатҳо ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия равона шудаанд.

 

Мақомоти пулис ба ихроҷ аз кишвар ҳуқуқ пайдо кард

Агар пештар масъалаи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ танҳо тариқи додгоҳ баррасӣ мешуд, акнун мақомоти пулис барои мустақилона қабул кардани қарор дар бораи ихроҷ ҳуқуқ пайдо кард.

Ин маънои онро дорад, ки дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират, аз қабили гузаштани муҳлати будубош ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, муҳоҷирро бидуни расмиёти дарозмуҳлати додгоҳ метавонанд аз кишвар хориҷ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.