Раисҷумҳури Русия пешниҳоди баъзе аз вакилони муҳоҷирситези парлумони кишварашро оид ба бекор кардани патент ва ё иҷозаи кор барои муҳоҷирон, шарҳ дод ва гуфт, “ҳеҷ эҳтимолеро рад намекунад”.
Роҳбарони фраксияҳои парлумон (Дума давлатӣ)-и Русия, ки аксарашон ба муҳоҷирситезӣ шинохта мешаванд, дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки сиёсат дар самти муҳоҷират шадидтар карда шавад.
Дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи 18-уми сентябр сурат гирифтааст, Сергей Миронов, роҳбари ҳизби “Русияи боадолат - барои ҳақиқат”, яке аз вакилони сарсахти муҳоҷирситези рус, пешниҳод додааст, ки низоми додани иҷозатномаи кор (патент) барои муҳоҷирон бекор карда шавад, аммо ба шарти шадидтар кардани назорат.
“Системаи “патент”-иро бояд бекор кард. Исбот кун, ки воқеан ба коргар ниёз дорӣ, онҳоро бе оила биёр. Кор кунанд, музд гиранд ва баргарданд”, - гуфтааст ӯ.
Путин дар посух ба ин, таъкид кардааст, ки мавзуи муҳоҷират барои шаҳрвандони Русия ҳассос аст ва ҳукумат набояд вонамуд кунад, ки мушкиле нест.

“Масъалаи бекор кардани патент - бояд дар ин бора фикр кард. Ин низом ба таври васеъ истифода мешавад. Ман ҳеҷ эҳтимолеро рад намекунам”, - изҳор доштааст раиҷумҳури Русия.
Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия аз 6 то 10 ҳазор рубл аст. Ва он ҳар сари чанд вақт боло бурда мешавад.
Барои дастрас кардин патент бояд пули бештар – атрофи 30 ҳазор рубл сарф кард ва барои напардохтани пули ҳармоҳаи он муҳоҷирро метавонанд аз ҳақи будубош маҳрум ва ихроҷ кунанд.
Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2025 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.




Мебельные цеха в Душанбе, где делают качественную уютную мебель
В Душанбе сносят УМВД. Рассказываем историю этого здания
Сколько лет нужно копить на квартиру в странах Центральной Азии?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 декабря 2025 года
«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста