Дар Тоҷикистон дар бораи таҳсил дар коллеҷҳо қонуни нав қабул шуд, ки он муҳлати хонишро то 1 сол кам карда, ҳамзамон, мафҳумҳои навро шарҳ медиҳад. Акнун қонуни 10 сол пеш дар ин самт қабулшуда аз эътибор соқит мегардад.
Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон дар зери қонуни нав дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ имзо гузошт. Ҳукумати кишвар онро рӯзи 29-уми май мақбул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буд. Вакилони палатаи поёнии парлумон рӯзи 25-уми июн онро қабул карданд.
Қонуни мазкур аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафаш навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад.
Ин қонуни нав қонуни аз соли 2015 амалкунандаро аз эътибор соқит кард.
Қонун чӣ ҳарфи нав дорад?
Қонун “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” ба ғайр аз тағйироти сохторӣ ва дақиқкунии мафҳумҳо, боз чанд муқаррароти комилан наверо дар бар мегирад, ки барои рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ аҳамияти бунёдӣ доранд.
Кӯтоҳ кардани мӯҳлати таҳсил яке аз муҳимтарин навовариҳост, ки дар қонуни пешина ба ин шакл вуҷуд надошт. Лоиҳаи нав муҳлати таҳсилро то 1 сол кам кардааст:
- барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ (синфи 9) доранд, мӯҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол кам карда мешавад.
- барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) доранд, мӯҳлати таҳсил аз то 3 сол ба то 2 сол кам карда мешавад.
Шаклҳои нави таҳсил - таҳсили дуалӣ
Қонуни нав таҳсили “дуалӣ”-ро ҳамчун шаклҳои расмии таҳсил дар коллеҷҳо муайян кардааст. Ин шакли таҳсил дар қонуни то кунан амалкунанда зикр нашуда буд.
Таҳсили дуалӣ (Dual Education) - ин низоми таълим назарияро бо амалия якҷоя мекунад. Донишҷӯён қисми вақтро дар коллеҷҳо ва қисми дигарро дар корхона ё ташкилот мегузаронанд. Ин низом имкон медиҳад, ки донишҷӯён аз оғоз таҳсил дар амалия ва раванди кор бошанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мешаванд.
Соли 2023-юм дар Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис гардида, назорат ва идораи литсею коллеҷҳо, ки қаблан ба души Вазорати маориф ва илм буд ва дӯши ин ниҳоди нав гузашт.





В Душанбе сносят УМВД. Рассказываем историю этого здания
Сколько лет нужно копить на квартиру в странах Центральной Азии?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 декабря 2025 года
«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Четыре боя – четыре поражения. Таджикистанцы выступили на турнире АСА в Москве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста