Парлумони Британия шаби сешанбе ба чаҳоршанбе фаъолияти худро пеш аз интихоботи ғайринавбатии ин кишвар қатъ кард, ки қарор аст он 8 июни соли равон баргузор шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи қонунгузории Британия, 25 рӯз (корӣ) пеш аз интихобот ҳама гуна фаъолияти порлумон қатъ шуда, аъзои Палатаи поёнии маҷлиси ин кишвар ваколати худро аз даст медиҳанд. Барои онҳо чанд рӯз муҳлат дода мешавад, то маҳалли корашонро тарк кунанд.

Гуфта мешавад, сарвазири Британия Тереза Мэй рӯзи чаҳоршанбе бо малика Елизавета II мулоқот карда, ӯро аз парокандашавии порлумон ва оғози маъракаи интихоботӣ огаҳ хоҳад кард.

Зикр мегардад, ки Мэй 18 апрел аз порлумон хост, то дар Британия интихоботи ғайринавбатӣ - се сол пеш аз муҳлат эълон кунад. Бар пояи натиҷаҳои ин интихобот сарвазир Мэй - раҳбари муҳофизакорони Британия мехоҳад, мавқеи худро устувор кунад.

Сокинони Британия тобистони соли гузашта низ ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ рафта, хориҷшавии кишварашонро аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) ҷонибдорӣ карда буданд. Британия ба ҳайати ИА соли 1973 пайваста буд ва аввалин кишваре хоҳад шуд, ки онро тарк мекунад.