Мино Мангал, наттоқи шинохтаи телевизион ва корманди Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон кушта шуд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфтааст, ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод. Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти қатли Миноро ба дӯш нагирифтааст.
Мақомоти пулиси Афғонистон мегӯянд, наздиконаш дар ин ҳодиса аз шавҳари собиқи ӯ гумонбаранд. Сайидмуҳаммад Рӯшандил, фармондеҳи амнияти Кобул гуфт, “Мино ва шавҳараш вақте аз ҳам ҷудо шуданд, ҷанҷол ва хусумат доштаанд. Бино ба изҳороти падараш, телефонӣ таҳдид шуда буданд. Пулис дар ҷустуҷӯяш аст. Аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст ва дастгир мешавад.”
Гуфта мешавад, Мино Мангал ду сол пеш арӯсӣ карда, баъди чанд моҳи зиндагии якҷоя аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Замрай, холаи Мино Мангал, гуфтааст, хоҳарзодааш аз ин арӯсӣ розӣ набуд ва ин сабаб шуд, ки аз ҳамсараш ҷудо шавад. “Дар бораи чи гуна кушта шуданаш маълумоти дақиқ надорам. Вале хабар дорам, ки аз арӯсиаш хуш набуд”, -- гуфт ӯ.
Мина Мангал, корманди Вулуси Ҷирга субҳи шанбе, замоне ки ба кор мерафт, дар наздикии хонааш бо зарби тир кушта шудааст. Вай як ҳафта пеш дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки аз сӯи бархе таҳдид мешавад. Аммо аз касе ё гурӯҳе ном набурдааст.
Мино Мангал беш аз даҳ сол ба ҳайси наттоқ ва хабарнигори телевизионҳои “Тулӯъ” ва “Шамшод” кор кардааст. Вай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон ҳам баҳс мекард ва барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони афғон талош дошт.
Афиша от «Азия-Плюс»: Ночь TUT и снова вечер киномузыки, но теперь в театре Лохути
«Мы лишь выполнили свой человеческий долг»: как таджикские мигранты спасают российских граждан
Хозяин "Крокуса": Система пожаротушения во время теракта сработала штатно, а пожарные выходы были открыты
Таджикистан сократил количество квот на привлечение иностранной рабочей силы до 6,5 тысяч
Генсек ОДКБ: В Центральной Азии растет вероятность приграничных конфликтов за ресурсы, в первую очередь за воду
В Таджикистане всех родственников Фаридуна Шамсиддина забрали, сестру из России депортировали
Гражданина Таджикистана в России обвинили в оправдании теракта в «Крокусе»
Что мешает экономике Таджикистана стать свободной?
В $100 миллиардов оценил Reuters потери ушедших из России компаний
В Кыргызстане бывшего таможенника Матраимова и его братьев отправили в СИЗО
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста