Шабонарӯзи гузашта аз гирифторӣ ба бемории коронавируси COVID-19 дар Чин 121 нафар фавтиданд.

Тавре хабаргузории РБК бо истинод ба Комиссияи миллии тандурустии Чин иттилоъ медиҳад, шумори умумии фавтидагон дар кишвар аз ин вирус ба 1380 нафар расидааст.

Тибқи маълумоти Комиссия, теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ 63851 нафарро ташкил дода, давоми як шабонарӯз ба миқдори 5090 кас афзудааст. 6723 нафар муолиҷаву аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд. 10204 кас дар ҳолати вазнин қарор дошта, боз 177 ҳазор нафари дигар, ки бо гирифторони беморӣ алоқа доштанд, зери муоинаи табибон мебошанд.

Дар Гонконг 53 ҳодисаи сироятёбӣ (1 нафар ҳалок шудааст), Тайван – 18 ва Макао – 10 ҳодисаи сироятёбӣ аз вирус ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи арзёбии SCMP, шумори гирифторони беморӣ аз коронавируси нав дар саросари дунё 64434 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 248 ҳолат дар Ҷопон, 58 – дар Сингапур, 33 – дар Таиланд ва 28 ҳолат – дар Кореяи Ҷанубӣ сабт шудааст. Тавре шабакаи телевизионии CGTN хабар медиҳад, дар берун аз ҳудуди Чин ҳамагӣ 505 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст.

Мушовири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Айра Лонҷини аз эҳтимол дур намедонад, ки коронавирус аз се ду ҳиссаи аҳолии Заминро фаро гирифта метавонад. Коршинос ба маълумоте такя мекунад, ки мувофиқи он ҳар як нафари аз вирус сироятёфта метавонад онро ба ду-се каси дигар гузаронад. Дар ҳамин ҳол, ӯ ишора кардааст, ки айни замон пайгирии ҷараёни паҳншавии ангезандаи ин беморӣ душвор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.