Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷмҳури пешин Афғонистон, ки 15-уми август аз Кобул фирор кард ва давлат ба дасти гурӯҳи "Толибон" суқут кард, дар нахустин гуфтугӯи расонаии худ бо BBC мегӯяд, ки шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Амрико ӯро қурбонӣ карданд.

Ғанӣ дар ин мусоҳиба фирораш аз Кобулро як тасмими ногаҳонӣ номида, гуфтааст фирор замоне иттифоқ афтод, ки нируҳои амниятии ӯ дар Арг ба ӯ гуфтанд, ки дигар қодир ба муҳофизати ӯ ва пойтахти кишвар нестанд.

Раисҷумҳури фирории Афғонистон, имрӯз, 30-юми декабр дар гуфтугӯе бо генерал Сэр Ник Кортар, раис пешини Ситод артиши Биритониё барои барномаи "Тудей"-и Радиои 4-и BBC гуфт, ки ягона иштибоҳи ӯ ба унвони раисҷмҳур эътимод ба шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Амрико буд. Ӯ дар ин гуфтугӯ мегӯяд, ки хашми мардуми Афғонистонро ва ин, ки ӯро муқасири тасаллут зудҳангоми “Толибон” бар Афғонистон медонанд, дарк мекунад.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август, бо расидани “Толибон” ба дарвозаҳои Кобул, бидуни эълони пешакӣ Афғонистонро тарк кард. "Азия-Плюс" яке аз аввалин расонаҳое буд, ки хабари фирори Ашрафғаниро нашр кард

Бо интишори хабари фирор Ғанӣ аз кишвар, Толибон вориди Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон шуданд ва давлат амалан суқут кард. Ў чанд рӯз пас аз ин иттифоқ, дар як паёми видеоӣ аз Амороти Муттаҳида Арабӣ гуфт, ки чун "як тавтеаи ҷонӣ" дар камини ӯ буд, маҷбур шуд барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва фоҷиа кишварро тарк кунад.

Ғанӣ дар мусоҳибаи имрӯзаш мегӯяд, ки ӯро қурбонӣ карданд то муқасири ҳарҷу марҷ ва буҳрони Афғонистон қаламдодаш кунанд. Ў гуфт шарикони байналмилалӣ ба таври мудовим ба ӯ фишор меоварданд ва ихтиёроти ӯро маҳдуд мекарданд.

Дар ин гуфтугӯ, ӯ мегӯяд омодааст, ки барои таҳқиқот аз ӯ дар бораи иддаоҳои бурдан пул бо худ аз Кобул аз мошини дурӯғсанҷ истифода шавад. 

Ашраф Ғанӣ: Далели аслии ман барои хурӯҷ, ҷилавгирӣ аз вайронии Кобул буд. Кобул қаблан дар ҷангҳои миёни гурӯҳҳои муҷоҳидин бар сари қудрат вайрон шуда, бо хок яксон шуда буд. Ду гурӯҳи мутафовит аз “Толибон” аз ду ҷиҳати мухталиф дар ҳоли ворид шудан ба Кобул буданд. Эҳтимоли як даргирии шадид байни онҳо бисёр боло буд ва шаҳре бо ҷамъияти 5 миллион нафар дар маърази нобудӣ қарор дошт.

Кортар: Чӣ ба ёд меоваред аз ҳамон рӯз, вақте аз хоб бедор шудед ва дидед, ки он иттифоқҳо афтод?

Ашраф Ғанӣ: Субҳи он рӯз, ба зеҳнам ҳам хутур намекард, ки баъд аз зӯҳр ман кишварро тарк мекунам. Ба мо иттилоъ доданд, ки гурӯҳи “Ҳаққонӣ” тааҳҳуд  дода, ки вориди Кобул намешавад. Вале ду соат баъд, ин тавр набуд. Аз ман хоста шуд, ки ба ҳамкоронам, аз ҷумла мушовири Шӯрои амнияти миллӣ иҷоза бидиҳам то кишварро тарк кунанд. Ҳамчунин, аз ҳамсарам хостам то кишварро тарк кунад, ӯ дар тараддуд буд, ки ин корро бикунад. Онҳо якуним соат қабл аз хуруҷи ман, маҳаллро тарк карданд. Ман мунтазир будам, то ин ки аз Бисмиллоҳхон (вазир дифоъи вақт) ба ман занг зад ва гуфт, ки ҳама чиз аз ҳам фурӯ пошидааст.

Ин замоне буд, ки ман мехостам ба вазорати дифоъ биравам. 25 дақиқа мунтазир будам, вале худравҳо наомаданд. Баъд доктор Муҳиб (Ҳамдуллоҳ Муҳиб), мушовир Шӯрои амнияти миллӣ ва баъд раиси "ПИПИЭС" (воҳиди муҳофизат аз раисҷумҳур) ворид шуданд ва гуфтанд, ки "ПИПИЭС" аз ҳам пошида ва агар ман бар мондан исрор кунам, ҳамаи онҳо кушта мешаванд. Онҳо тавонои ҳифозат аз манро надоранд. Доктор Муҳиб воқеан тарсида буд. Барои ман беш аз ду дақиқа фурсат надод. Барнома ва дастури ман ин буд, ки омода шавем ва ба тарафи вилояти Хӯст ҳаракат кунем. Ў ба ман гуфт, ки Хӯст суқут карда ва Ҷалолобод ҳам суқут кардааст. Ман намедонистм, ки куҷо меравем. Танҳо вақте савори ҳеликуптар (чархбол) шудем, мушаххас шуд, ки мо кишварро тарк мекунем, ин воқеан, иттифоқи ногаҳонӣ буд.

Ҷенерол Ник Кортар бо Ғанӣ

Кортар: Ахиран Кунгураи Амрико аз Ҷон Сопку, бозраси вежаи Амрико дар умури Афғонистон хоста то дар бораи иддаоҳое таҳқиқ кунад, ки гӯё шумо замони тарки кишвар, бо худатон миқдори мушаххаси пул хориҷ кардед. Фикр мекунам саволи дигаре, ки хеле аз афғонҳо мехоҳанд дар борааш бишинаванд ин аст, ки чаро шумо Афғонистонро ба он шакл тарк кардед.  Албатта тавзеҳ додед, ман мехостам бигӯям, ки барои шумо ҳам шахсан эҳтимолан хеле сахт буда, ки дар он марҳала Афғонистонро тарк кунед.

Ашраф Ғанӣ: Албатта, сахттарин иттифоқи мумкин буд. Ба ҳамин далел дар яксад рӯзи гузашта ман танҳо будам ва дарҳоли навиштан будам ва ба иттифоқоти гузашта фикр мекардм. Вазъ наметавонист аз ин сахттар бошад. Ман маҷбур будам худро қурбонӣ кунам то Кобулро наҷот бидиҳам ва худамро дар маърази шароите қарор бидиҳам, ки воқеият дошт. Як кудатои хашин, на як тавофуқи сиёсӣ ё як раванди сиёсие, ки мардум дар он мушорикат дошта бошанд.

Дувум, ман мехоҳам қатъона таъкид кунам, ки ҳеҷ пулеро аз кишвар хориҷ накардаам. Ҳеликуптарҳо ва аввалин мақсади мо дар дастраси ҳама буд то баррасӣ кунанд. Ман натанҳо аз таҳқиқ дар ин бора тавассути оқои Сопку истиқбол мекунам, балки ман мехоҳам як таҳқиқи дигар ҳам анҷом шавад. Ба маҳз ин ки ин иддаоҳо матраҳ шуд, пешниҳод кардам, ки таҳқиқоте дар ин бора тавассути Созмон милал ё як ниҳоди бозрасикунандаи дигар анҷом шавад. Шеваи зиндагӣ ман бар ҳама маълум аст. Ман бо пул чӣ мехостам букунам?

Ин иттиҳомҳое аст, ки мушаххасан аввал аз тарафи Русия матраҳ ва баъд мунташир шуд. Ман хушҳол мешавам, ки дар ин замина ҳар навъ таҳқиқи лозим аз ман анҷом шавад, аз ҷумла инки аз дастгоҳи дурӯғсанҷ истифода шавад ё ба ҳар шеваи дигаре, ки лозим бошад. Ман ба далели тааҳҳуд ба кишвари худ матраҳ ҳастам ва мисли хелеҳои дигар ба далели робитае вижа бо созмонҳои иттилоотӣ ё чизҳои дигар вориди майдон (сиёсат) нашудам.  

Кортар: Баргардем ба тафоҳумномае, ки дар таърих 29 феврали 2020 имзо шуд. Акнун вақте ба он нигоҳ мекунед, оё чизе дар бораи он ҳаст, ки эҳсос кунед агар ба ақиб баргардед, метавонист таври дигаре анҷом шавад ё шумо мешуд ба гунаи дигаре рафтор кунед, ки боис мешуд натиҷаи беҳтаре аз он тафоҳумнома ҳосил шавад?

Ашраф Ғанӣ: Он чи дар 29 феврал рух дод, ин буд, ки ба ҷойи дастёбӣ ба як равандӣ сулҳ, ба раванде барои хуруҷ (нируҳои Амрико) расидем. Дар он замон Толибон ба унвони муҳликтарин созмони террористӣ шинохта ме‍шуд. Он рӯз ду тафоҳумнома вуҷуд дошт, ду рухдод. Аввалӣ дар Кобул шакл гирифт. Столтенберг, дабири кулли НАТО ва Эспер, вазир дифоъи Амрико аввал ба Кобул омаданд ва эъломи тафоҳуми муштарак карданд. Моҳҳо буд, ки ин ба таври мувозӣ, ҳамзамон бо тафоҳум бо Толибон дар ҳол анҷом буд.

Анас Ҳаққонӣ писари бунёдгузори шабакаи "Ҳаққонӣ", ки баъди ин тафоҳумнома аз зиндон озод карда шуд

Кортар: Яъне ин дар воқеъ як робитаи муштарак байни онҳо ва давлати Афғонистон буд, дуруст аст?

Ашраф Ғанӣ: Бале. Вақте ба тафоҳумнома нигоҳ мекунед чаҳор қисмат дорад. Аммо чаҳор бахши ду тафоҳумнома шадидан бо ҳам фарқ доранд.

Кортар: Бубахшед, фикр мекунам лозим аст тавзеҳ бидиҳед, манзур аз тафоҳумномаи дигар, тафоҳуми имзошуда миёни давлат Амрико бо Толибон дар Давҳа аст?

Ашраф Ғанӣ: Он тафоҳумнома тавассути сафир Халилзод, дар ҳузури оқои Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико имзо шуд. Дар Кобул оқои Эспер, вазири дифоъ гуфт, ин як тафоҳуми машрут аст ва боз ҳам гуфт дубора таъкид мекунам, ин як тафоҳуми машрут аст ва агар Толибон ба тааҳҳудоти худ амал накунад, ин тафоҳумнома аз сӯи Амрико лағв мешавад.

Муҳимтарин масъалае, ки эҳтимолан яке аз аслитарин далоили воқеаҳои моҳи август аст, ин буд, ки дар тафоҳумнома бо мо, ки моҳҳо бар сари он музокирот сурат гирифт, баён шуд, ки Амрико дар сурати озодсозии зиндониҳо аз сӯйи ҳар ду тараф (Толибон ва давлати Афғонистон), баргузории музокирот миён ду тарафро тасҳил мекунад. Теъдод (зиндонёне, ки бояд озод мешуданд) дар он тафоҳумнома ҳудуди чанд сад нафари ҳаддиаксар зикр шуда буд. Дар тафоҳумномаи Амрико бо Толибон, аммо Амрико як тааҳҳуди якҷониба дода буд, ки озодсозии 5 ҳазор зиндонии Толибон то даҳуми моҳ мартро тазмин кунад.

 Кортар: Оё бо шумо дар бораи озод кардани 5 ҳазор зиндонӣ машварат накарданд?

Ашраф Ғанӣ: Мо қотеъона онро рад кардем. Чун ман таклифамро анҷом дода будам ва тафоҳумномаи сулҳро мутолиа карда будам ва ғайр аз мавзӯъ оташбаси ҳамаҷониба ва доимӣ, ончи, ки оқои Эспер, вазир дифои Амрико ва Дабири кулли НАТО онро такрор карда буданд, ҳеҷ машварате бо мо сурат нагирифт ва илова бар он, Амрико якҷониба тааҳҳуд дод, ки боқии зиндонёни Толибонро ҳам дар се моҳи баъд аз он озод кунад. Зарбулаҷали ҳушдоромез содир шуд, ки мо бояд озодашон мекардем. Теъдодашон аввал чанд сад нафар буд, баъд ба як ҳазор расид ва баъд исрори шадид ва комил вуҷуд дошт, ки тамоми панҷ ҳазор нафар озод шаванд.

Аммо Толибон аз музокироти сиёсӣ бо мо худдорӣ карданд ва гуфтанд шумо чӣ кора ҳастед. Ва ҳатто дар мавриди зиндонён гуфтанд, ин тааҳҳуди Амрикост ва Амрико қарор аст иҷрояш кунад. Чӣ аз назари раванди кор ва чӣ аз назари натиҷаи он, ин масъулият бояд мушаххасан мутаваҷҷеҳи ҳамон тим бошад. Бахусус савол инҷост, ки чӣ тавр вукалои вазорати умури хориҷаи Амрико иҷоза доданд ду тафоҳумномаи ба шиддат мутафовит шакл бигирад? Чунин тафовутҳо бо ҳам наметавонист мутобиқат кунад.
Гуфта мешавад ин акси замони фирори Ғанӣ аст

Кортар: Бармегардем ба ҷойе, ки ин гуфтугӯйро оғоз кардем. Оё фикр мекунед, агар ҳамонҷо мемондед, метавонистед коре кунед, ки онҳо мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ шаванд?

Ашраф Ғанӣ: На хайр. Чун мутаассифона аз ман чеҳраи комилан манфӣ тарсим карда буданд ва ҳамаи инҳо ба ин хотир рух дод, ки мо ҳаргиз фурсати инро надоштем, ки бо онҳо ба музокира бинишинем. Сафир Халилзод худаш инро гуфт, ки ин табдил ба масъалаи марбут ба Амрико шуд, на масъалаи афғонҳо. Онҳо моро ҳазф карданд.

Кортар: Шумо замони зиёде, чизе беш аз сад рӯз доштед, ки ба он чи гузашт фикр кунед. Оё ҳеҷ пушаймонии шахсие доред дар бораи ҳама иттифоқҳое, ки афтод? Мардум эҳтимолан хеле барояшон ҷолиб аст бидонанд, ки чӣ эҳсосе доред ва бароятон чӣ маъное дорад?

Ашраф Ғанӣ: Корномаи зиндагии ман нобуд шуд, арзишҳоям лагадмол шуд ва маро қурбонӣ карданд. Амрико ва дигар ҳамкорони ғарбии мо ин интихобро доштанд, ки ё шеваи ҷангиданашон бо террорро тағйир диҳанд ё кулан канораш бигузоранд ва хориҷ шаванд. Аммо барои мо худмухтории миллӣ то замоне, ки ҷанг ба ин шакл бо терроризм бошад, имконпазир нест. Чун тамоми мушкилоти дигари мо нисбат ба ин фаръӣ ҳастанд.

Кортар: Шумо вақте раисҷумҳур будед, ба вузӯҳ эълом кардед, ки ин барои шумо ҷангидан то пойи марг аст ва ҳамаи масоили марбут ба онки то интиҳо хоҳед рафт. Агар ба поёни ин масъала баргардем, мутмаинам афғонҳои бисёре ҳастанд, ки шуморо ба унвони раҳбарашон нисбат ба ончи иттифоқ афтод, муқассир медонанд. Шумо эҳтимолан бояд дар бораи ҳамаи инҳо посухе ба онҳо бидиҳед.

Ашраф Ғанӣ: Қатъан, муқассир донистани ман аз сӯйи онҳо комилан қобили дарк аст. Онҳо ба дурусти манро муқассир медонанд ва ин ҳақро доранд. Чун ман ба мушорикати байналмилалии мо эътимод кардам ва ин масирро пеш гирифтам. Ба ҷойи муқобилаи мудовим мисли фарди пеш аз ман (Ҳомид Карзай ), ман, ҳамон тур, ки шумо шахсан шоҳид будед, воқеан ҳама фишорҳоро пазируфтам, ки аз ин натиҷа худдорӣ шавад.

Аммо онҳо ҳам ин таҳмили мудовимро дарк кунанд ва умедворам, ки бо гузашти замон мутаваҷҷеҳ шаванд. Аммо хашми онҳоро комилан мефаҳмам чун худам ҳам дар он шарик ҳастам. Бештар дар шакли дармондагӣ. Ба ҳамин далел, ман ба инам, ки битавонем як роҳи асосӣ ба ҷилавро дар пеш бигирем на барои мақосиди шахсӣ, балки барои онки қодир бошам ба Афғонистон ва ҷиҳате, ки дар пеш мегирад, кумак кунам, ки ҳамаи мо дубора битавонем ба ҳам тааллуқ дошта бошем.

Ва инҷо дарсе ҳам барои ҷомеа ҷаҳонӣ ҳаст. Як Афғонистони бетараф, мавҷудияти ба маротиб мондагортар аст, то Афғонистоне, ки ба майдон ҷанг бадал шуда бошад ё тобеъ ҷанге аз берун бошад.

Фазлӣ, Ғанӣ ва Муҳиб, се чеҳрае, ки гуфта мешуд дар авохир тамоми тасмими ҳукумати Афғонистонро мегирифтанд

Ҳамаи мо иштибоҳи бузурге кардем дар ин ки фикр кардем шикебоии ҷомеаи байналмилалӣ пойдор хоҳад буд. Ва дарсе, ки гирифтем ин аст, ки мо ниёз дорем ба масире барои оштии миллии воқеӣ, худмухторӣ ва масъулиятпазирӣ нисбат ба якдигар, ҳаракат кунем, то битавонем боз ҳам бо ҳам зиндагӣ кунем.

Ёддоварӣ: BBC ҳамасола дар рӯзҳои поёни сол аз чеҳраҳои матраҳ дар Биритониё ба унвони "сардбирмеҳмон" даъват мекунад ва ба онҳо фурсати тавлиди барномаҳоеро медиҳад. Генерал Нек Кортар, ки ин гуфтугӯро бо Ашраф Ғанӣ анҷом дода, низ имсол яке аз муҷриёни меҳмон дар барнома "Тудей"-и Радио 4-и BBC буд.