Вазорати маорифи Афғонистон, ки аз сӯйи намояндагони Толибон* идора мешавад, дирӯз, 29-уми январ бо судури як қарор, ба донишгоҳҳои хусусӣ дастур додааст, ки ба духтарон иҷозат надиҳанд, то ба имтиҳоноти дохилшавӣ ворид шаванд.
Ин дар ҳолест, ки сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон бо нашри як эъломия дар Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш гуфта буд, ки мекӯшад то заминаи омӯзиши меъёриро дар Афғонистон фароҳам созад.
Толибон, ки дар соли 2021 қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтанд, гуфтаанд, ки айни ҳол дар кишвар 19 ҳазор мактаб ва 13 ҳазор мадрасаи динӣ фаъол ҳастанд.
Толибон дар ҳоле аз вуруди духтарон ба донишгоҳҳо ва мактабҳо пешгирӣ мекунанд, ки беш аз 18 моҳ мешавад духтарони аз синфи шаш боло ба мактаб нарафтаанд ва ҳанӯз ҳам тасмими ниҳоӣ дар бораи бозкушоии мактабҳои миёна ва литсейҳои духтарон гирифта нашудааст.
Ин дастури Толибон аз сӯйи ҷомеаи Афғонистон шадидан мавриди интикод қарор дода шуд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, навишт, ки ҷомеа ҷаҳонӣ дар баробари саркӯби занон дар Афғонистон набояд танҳо ба маҳкум кардан басанда кунад.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат рӯзи душанбе, 30-юми январ, ин гуфтаро дар вокуниш ба манъи вуруди занон ва духтарон ба озмуни дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва муассисоти таҳсили хусусӣ баён кард.
Аҳмадӣ гуфт, ки Ҷабҳаи муқовимат аз амалкарди Толибон дар баробари занони Афғонистон тааҷҷуб намекунад, аммо басанда кардани ҷомеа ҷаҳонӣ ба накӯҳиши ин гуна амалкардҳои Толибон нигаронкунанда аст.
Ба гуфта Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, манъи вуруди занон ба озмуни дохилшавӣ ба муассисоти таҳсили хусусӣ нақзи фоҳиш ҳуқуқ башар аст.
Аҳмадӣ таъкид карда, ки Толибон ҳеҷ тағйире накардаанд ва таваққӯъи рафтори инсонӣ аз онҳо таваҳҳуме беш нест.
Созмон ҳамкори исломӣ ҳам бо нашри баёнияе аз мақомҳои Толибон хостааст, то ин тасмим ва маҳдудиятҳоро дар баробари занон ва духтарон дар Афғонистон бознигарӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Созмони ҳамкории исломӣ дар нишасте, ки рӯзи 11-уми январ, дар бораи вазъи Афғонистон баргузор кард, аз Толибон хоста буд, то дар бозкушоии мактабҳо ва донишгоҳҳо ба рӯй духтарон дар Афғонистон, талош кунанд.
Манъи вуруди духтарон ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилӣ дар ҳолест, ки қаблан Толибон дар як эъломия гуфта буданд, ки барои мардуми Афғонистон хадамоти меъёрии омӯзишро фароҳам месозанд.
Дар эъломияи Толибон гуфта шуда буд: “Вазорати маориф ба мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон медиҳад, ки талош мекунад, то барои мардуми худ хадамоти меъёри омӯзиширо фароҳам бисозад”.
Бояд гуфт, ки Толибон омӯзиши занон ва духтарони донишомӯз ва донишҷӯро “то амри сонӣ”, яъне вақти номаълум мамнӯъ карда ва гуфта буд, ки пас аз фароҳам кардани шароити лозим, дарвозаи мактабҳо ва донишгоҳҳоро дубора ба рӯй онҳо боз хоҳад кард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Почему кормящие мамы в Таджикистане вынуждены прятаться в общественных местах?
ЕАБР: Рост экономики Таджикистана в 2025 году останется самым высоким на евразийском пространстве
Как ЕБРР презентовал программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
Афиша от «Азия-Плюс»: концерт дуэта Duo Falak, балет «Спящая красавица» и Рождественская ярмарка
«ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!» Компания FORMULA55 поддержала Комроншоха Устопириёна
Кто они – 100 успешных людей Таджикистана?
Талибов призвали снять запрет на обучение женщин медицине
Дональд Трамп как закат «американской мечты»
Операция «Техосмотр». В Таджикистане выявили более 8 тысяч водителей без справки о проверке авто
«Алиф» получил 8 наград от Visa на 20-летии Digital Innovation в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста