Дирӯз, 30-юми май, дар Эрон сабтиноми довталабон барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ оғоз гардид. Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар чанд рӯз қабл дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.

Тибқи иттилои хабаргузории “Тасним”, дар рӯзи аввал 30 нафар барои сабтином дархост ироа кардаанд, аммо ҳамагӣ панҷ номзад сабтином шудааст. Имрӯз як нафари дигар сабти ном шудааст. Дар умум, то ҳол 6 нафар тавонистаанд худро ҳамчун номзад ба курсии расёсатҷумҳур сабтином кунанд:

Саид Ҷалилӣ, дабири собиқи Шӯрои олии амнияти Эрон,

Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини маҷлиси Эрон,

Муҳаммадризо Сабоғиён, намояндаи шаҳри Бофқ дар маҷлиси шӯрои исломӣ,

Аббос Муқтадоӣ, намояндаи мардуми Исфаҳон дар маҷлиси Шӯрои исломӣ,

Мустафо Кавокибиён, дабири кулли Ҳизби мардумсолорӣ дар Эрон,

Қудраталӣ Ҳашматиён, раиси Хонаи ҳизбҳои Эрон.

Ин ҳоло рӯйхати ниҳоӣ нест ва ба эҳтимоли зиёд дар рӯзҳои баъдӣ номзадҳои дигар сабти ном хоҳанд шуд. Рӯйхати ниҳоии номзадҳо ба мақоми президентии Эронро 11 июн Шӯрои нигаҳбони Конститутсия, ки аъзои ӯ таъйин ё аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар тасдиқ мешавад, нашр хоҳад шуд.

Интихоботи раиси ҷумҳур бошад, 28-уми июн доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.