Толибон* дар Афғонистон нашри тасвирҳои зинда дар расонаҳоро манъ мекунад. Дар ин бора бахши форсии хабаргузории “Франс-пресс” бо такя ба суханони Сайфулислом Хайбар, сухангӯи вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ин мақомдори Толибон, қонуни манъи интишори тасвирҳои зинда дар расонаҳои баъзе аз вилоятҳои Афғонистон ба монанди Қандаҳор, Ҳилманд ва Тахор ба иҷро даромадааст. Ба гуфтаи ӯ, ин қонун ба тадриҷ дар саросари Афғонистон ҷорӣ хоҳад шуд. Сайфулислом Хайбар муддаъӣ шудааст, ки нашри тасвирҳо зинда дар расонаҳо хилофи қавонини исломӣ аст.
Бояд гуфт, Толибон дар ҳокимияти қаблии худ дар Афғонстон дар солҳои 1996-2001 низ тасвири мавҷудоти зинда дар расонаҳоро манъ карда буданд.
Хабаргузорӣ навиштааст, ки Толибон пас аз дигарбора баргаштан ба сари қудрат дар Афғонистон шумори хабарнигоронро аз 8 ҳазору 100 нафар то 5000 нафар коҳиш доданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Толибон пахши барномаҳои зинда, интиқоди қонунҳову пулис ва даъвати меҳмонони тасдиқнашуда аз ҷониби ин гурӯҳро барои расонаҳо манъ карда буд.
Толибон аз Ӯзбекистон хостанд барномаҳои мусиқӣ дар бозори муштараки Тирмизро лағв кунад
Расонаҳои маҳаллии Афғонистон хабар медиҳанд, ки гурӯҳи Толибон бо баргузории консерт ва барномаҳои мусиқӣ дар бозори марзии Тирмиз, шеҳри Ӯзбекистон дар марз бо Афғонистон мухолифат кардаанд ва аз мақомоти Ӯзбекистон хостаанд, ки иҷозаи чунин барномаҳоро дар ин бозор надиҳанд. Толибон ҳушдор додаанд, ки дар сурати идома ёфтани барномаҳои мусиқӣ дар ин бозори марзӣ ба шаҳрвандони Афғонистон иҷоза намедиҳанд, ки ба ин бозор биёянд.

Расман дар ин маврид мақомоти Толибону Ӯзбекистон чизе нагуфтаанд ва маълум нест, ки ба ин дархости Толибон Ӯзбекистон чӣ посухе медиҳад.
Расонаҳои маҳаллии Афғонистон бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки то ин вақт дар бозори Тирмиз барои боздидкунандагони бозор консертҳо баргузор мегардидааст ва ҳунармандон аз Ӯзбекистон низ шабона дар он ҷо суруд мехондаанд.
Бояд гуфт, бозори Тирмиз дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Дар он тоҷирони афғонистонӣ низ фаъолият мекунанд. Тибқи як тафоуҳме, ки байни Толибону Ӯзбекистон имзо шудааст, шаҳрвандони Афғонистон бидуни раводид (виза) ба муддати 15 рӯз дар бозори Тирмиз ба харидуфурӯши молу колои худ машғул шуда метавонанд.
Бояд гуфт, Ӯзбекистон аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бо ин гурӯҳ робитаи хубро роҳандозӣ карда, намояндагони ин кишвар чандин маротиба ба Кобул сафар кардаанд. Ҳамчунин, Тошканд мизбони яке аз конфронсҳо оид ба ҳалли мушкили Афғонистон буд, ки дар он намояндагони Толибон ҳузур доштанд.
Моҳи август Абдулло Орипов, нахуствазири Ӯзбекистон бори аввал пас аз ба қудрат расидани Толибон ба Афғонистон сафар ва бо роҳбарони кунунии ин кишвар мулоқот кард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.




Хотите кому-нибудь помочь в месяц Рамазан, но не знаете, кому? У нас есть список и контакты
Талбак Назаров — патриарх таджикской дипломатии
Три добровольных милостыни в месяц Рамазан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 марта 2026 года
80 лет Душанбинскому заводу «Торгмаш»: от начала строительства до мировой известности
Зимняя Паралимпиада-2026 проходит без Таджикистана. Республика участвовала в таких Играх лишь однажды — вспоминаем, когда
Муфтий Таджикистана сообщил, когда наступит ночь Предопределения и Могущества
Гибель детей в Минабе. Преступление, которое может стать концом для Дональда Трампа и его министра войны
Япония поможет улучшить лечение проктологических заболеваний в Таджикистане
Товарооборот между Узбекистаном и Таджикистаном может вырасти еще на 40% — эксперт
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста