Яке аз падидаҳои мусбии Барномаи Рушди СММ – дар заминаи Марказҳои Дастгирии Ҷамоатҳо таъсис додани фондҳои қарзии хурд мебошад. Дар бораи яке аз онҳо роҳбари Фонди қарзии хурди «Имдоди Хутал» Исуфҷон Маҳадов нақл мекунад.

- Фонди қарзии хурди «Имдоди Хутал» 1 июли соли 2007 бо дастгирии бевоситаи БРСММ таъсис дода шуда, маблағҳои он дар асоси маҷлиси муассисони 13 Марказҳои дастгирии ҷамоатҳо – ҷамоати «Кӯлоб»-и ноҳияи Кӯлоб, ҷамоатҳои «Сариосиёб» ва «Ҷомбахт»-и ноҳияи Ховалинг, ҷамоатҳои «Даштиҷум» ва «Йол»-и ноҳияи Шӯробод, ҷамоатҳои «Деҳбаланд», «Дуоб» ва «Кулчашма»-и ноҳияи Мӯминобод, ҷамоатҳои «Меҳнатобод» ва «Панҷоб»-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоатҳои «Фархор», «Даркад» ва «Ғалаба»-и ноҳияи Фархор 1330000 сомониро ташкил медиҳанд. Инчунин соли 2008-ум ҷамоати дехоти «Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон ва дар соли 2010-ум ҷамоати «Дектур»-и ин ноҳия ба фонд шомил шуданд.


Бевосита дар аввали фаъолиятамон ба воситаи грантҳои Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид мо ба миқдори 760 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ гирифтаем. Хурсандиовар аст, ки ба 1 июли соли 2011 маблағи умумии гардишии фонди мо 2 миллиону 766 сомонӣ буда, афзоиши маблағ 725 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре дар боло ишора кардам, мо дар 7 ноҳия фаъолона кор мекунем ва қарзгирандаҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ 2 ҳазору 369 нафарро ташкил дода, 35% онҳо занҳо мебошанд. Ҳоло мо бо мақсади дастгирии тиҷорати хурд дар марказҳои наздисарҳадӣ ният дорем, ки дар ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и Шӯробод ва дар ҷамоати деҳоти «Чубек»-и ноҳияи Ҳамадонӣ нуқтаи қарздиҳии дигар кушоем. Бояд нуктаеро зикр кунам, ки азбаски мо дар минтақаи кӯҳистон бисёртар кору фаъолият дорем, ғолибан масофаи байни марказҳои қарздиҳӣ аз якдигар дур аст ва мо кӯшиш мекунем, ки дар ҷойҳо ҳарчӣ бештар нуқтаҳои фаъолияти қарзӣ таъсис диҳем, то мардум барои гирифтани маблағ ҷои дур наравад.

Чун сухан дар бораи фаъолияти занон дар фонди қарзии мо меравад, бояд зикр кунам, ки танҳо дар ҷамоати Йоли ноҳияи Шӯробод, занҳо 72% қарзгирандаҳоро ташкил медиҳанд. Ҳамагӣ 9%-и занҳои Мӯминобод бошад, ба фонди мо муроҷиат мекунанд. Яъне ман гуфтаниям, ки фаъолнокии занҳо вобаста ба ҷои зист ва муҳити он мебошад. Дар маҳалҳое, ки мардон аксарият ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, занҳо он қадар ҳам ба гирифтани қарзҳо майл надоранд ва баръакс, дар маҳалҳое, ки бекорӣ маҳаки асосӣ қарор дорад, мардум зиёдтар ба гирифтани қарзҳои хурд одат намудааст.

Мақсади кушода шудани чунин фонд – ба танзим даровардани фаъолияти фондҳои қарздиҳии хурд дар маҳалҳо мебошад. Фаъолияти қарзии хурд дар марказҳои дар боло ишорашуда аз январи соли 2003 шурӯъ шуда буд. Сабаби ташкил намудани ФҚХ «Имдоди Хутал» - мутобиқгардонӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» мебошад, ки таҳти № 38 аз17.05.2004 тасдиқ шудааст. Кормандони фонди мазкур дар асоси озмун ба кор қабул шуда, дар асоси шартнома фаъолият менамоянд. Онҳо дар соҳаи қарздиҳии хурд таҷриба ва малакаҳои кофӣ доранд.

ФҚХ « Имдоди Хутал » ба 14 ҷ амоат , 200 деҳот , 150 ҳазор аҳол ӣ хизмат мерасонад .

Фаъолияти асосии Фонди қарзии хурди « Имдоди Хутал » аз додани қарзҳои хурд , анҷом додани амалиёти иҷораи молиявӣ ( лизинг ) ва хизматрасонии иттилоотӣ ба муштариёни худ иборат аст . Яъне фаъолияти асосӣ - ҷудо кардан ва додани қарзҳои хурд ба сокинони ҷамоатҳои муассис буда, дар ин замина мусоидат намудан ба паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошад.

ФҚХ «Имдоди Хутал» дар минтақаи Кӯлоб ба барномаҳои ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, мурғпарварӣ, парвариши ҳайвони калон ва майдаи шохдор, картошкапарварӣ, соҳаи занбӯри асалпарварӣ, таъмири техникаи соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати хурд қарзҳои хурд медиҳад. Дар оянда ташкили барномаҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ ва ёрирасони ин соҳа дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади донистани эҳтиёҷоти асосии мардуми деҳот мо дар ноҳияҳо мониторинг мегузаронем, меомӯзем, ки масалан, деҳқонони ноҳияи Ҳамадонӣ барои чӣ қарз гирифтан мехоҳанду мардуми Шӯробод қарзҳои хурдро ба кадом самт равон карданиянд. Таҷриба нишон дод, ки аксарият барои кишти гандум, як қисмашро барои харидани доруворӣ ё тухмии сабзавот ва дигар растаниҳои техникӣ, қисми дигар барои харидорӣ кардани чорвои майдаи шохдор мегиранд. Аммо албатта, ин маблағҳои додаи мо барои пурра пӯшонидани қарзҳои мардум намерасанд. Барои ҳамин, ҳар як қарзгиранда бояд миқдоре пули худро дошта бошад, то ки хоҳишашро ба сомон расонда тавонад.

Барои ривоҷ додани соҳибкории хурд қарзҳои мо фоиданоканд. Масалан, занони яке аз деҳаҳои ноҳияи Фархор бо истифода аз гармхонаҳо сабзавотҳои барвақтиро ба бозори дохили бароварда тиҷорати худро ривоҷ дода, зиндагиашонро мегузаронанд. Дар ҷамоати Даштиҷум ноҳияи Шуробод яке аз дуконҳои коркарди чуб бо истифода аз чубҳои маҳалли дару тиреза истеҳсол карда тиҷорати худро ривоҷ додаанд. Инчунин дар шароити кӯҳистон гирифтани қарзҳои гурӯҳӣ муфид аст. Яъне 10 нафар ҷамъ шуда, ҳар яке 300 долларӣ қарз мегирад ва пулҳояшонро якҷоя карда, барои ягон намуди сабзавоткорӣ ё тиҷорати хурд истифода менамоянд.

Мӯҳлати додани қарз аз 6 то 12 моҳ ва меъёри фоизи моҳона аз 2 то 3% вобаста ба барномаҳои ҷудогона дода мешавад.

ФҚХ «Имдоди Хутал» аз Раёсат (иборат аз 15 нафар), мақомоти иҷроия (иборат аз 36 нафар) ва кормандони асосӣ – директор, сармуҳосиб, роҳбари ҷузвдони қарзӣ, сармутахассиси қарздеҳ ва дар ҳар як ҷамоат мутахассисони қарзӣ иборат мебошад.

Дар охир гуфтаниям, ки механизми додани қарзҳои хурд дар фонди қарзии хурди «Имдоди Хутал» хеле содда аст. Бинобар ин, мардуми деҳаҳои минтақаи Кӯлобро даъват менамоям, ки ба фонди мо муроҷиат кунанд, то ки каму костии зиндагиашонро дуруст карда, ҳаёти онҳо ранги дигар гирад.