Дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарояндагони машҳури шарқ Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод, Юлдуз Усмонова ва сарояндаҳои Тоҷикистон “Фестивали тобистонаи Душанбе - 2021 (Dushanbe summer Fest - 2021)” баргузор мегардад. Дар ин бора, ба “Азия плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, фестифал бо ибтикори шаҳрдории Душанбе рӯзҳои 25-26 сентябри соли равон дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт гузаронида мешавад.
- Он бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имкониятҳои сайёҳӣ дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе “Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ - 2020-2021” ва “Пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021” бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад,- гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар фестивал ташкилу баргузории барномаҳои шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнашикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабинии сайёҳиву фароғатӣ дар назар дошта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




«Жизнь вдохновляет»: Как Умеджони Бурхон превращает чувства в музыку
От Астории до Грейси: как новый мэр Нью-Йорка столкнулся с критикой за свое льготное жильё
Молодые юристы Таджикистана учатся отстаивать права жертв насилия
За год в мире убиты 67 журналистов: RSF призывает правительства защитить представителей СМИ
«27 лет мучений»: Мирзиёев раскритиковал хлопковую политику эпохи Каримова
Как не отравиться угарным газом?
Эмомали Рахмон запустил в Турсунзаде новый завод и образовательные учреждения
Солнечные и ветровые станции Узбекистана произвели 10 млрд кВт*ч, сократив потребление газа на миллиарды кубов
Таджикский боец Рахмонов проведет претендентский бой с россиянином
Пробки в Душанбе: последствия ошибок, которые допускают власти в градостроительстве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста