Радио эфир
Соли 2024 100 - солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон - аввалин давлати тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мешавад. Ҳукумати Шӯравӣ ба халқи тоҷик чӣ дод ва осори 70 соли зиндагӣ дар ин низом чист? Бурду бохти ин давраро имрӯз, ки Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ расидааст, чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
Мо итминон дорем, ки барои инкишоф ва рушди устувор ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, то гузаштаи начандон дури худро дубора таҳлил кунад, аз хатоҳову бохтҳояш сабақ андӯзад ва фарҳехтагону муваффақиятҳояшро дуруст шинохтаву арҷгузорӣ кунад.
Бо ин мақсад, “Азия-Плюс” аз донишманди маъруфи тоҷик, доктори улуми таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон хост таърихи ин давраро холисона таҳқиқу баррасӣ кунад.
Иттиҳоди Шӯравӣ дар барномарезиҳову нақшаҳои дарозмуддат ва пиёда кардани аҳдофи худ ҳеч ҳадду марзеро намешинохт ва барои расидан ба он ормонҳо аз ҳар роҳу василае кор мегирифт. Пиёда сохтани барномаи як гурӯҳи хурд бо номи марксист ва имтиҳон кардани он
Соли 1924 дар таърихи мардуми Осиёи Миёна ҳамчун сароғози як таҳаввули азим шинохта мешавад. То ин сана ҳукуматҳои минтақа ё ба исми силсилаҳо (сомонӣ, қарахонӣ, темурӣ, манғит) номгузорӣ мешуданд ё баргирифта аз марказҳои маъмурии он буданд (чун иморати ...
Идомаи силсиламақолаи Сайфуллоҳи Муллоҷон оид ба 100 соли Тоҷикистон
Суолҳое, ки бо гузашти сад сол, посухи рӯшан металабад.
Сабақ андӯхтан аз хатоҳову бохтҳо, шинохти дурусти фарҳехтагону муваффақиятҳо ва арҷгузорӣ ба онҳо барои миллати воҳид ва комил ногузир аст.