Аз 20 сентябр дар Ӯзбекистон ба баргузории тӯйҳо ва дигар ҷашну маросимҳои оилавӣ бо иштироки то 100 нафар иҷоза шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, менависад Фергана.

Ду моҳ пеш, 20 июл Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус шумори меҳмонон дар тӯйҳоро то 50 нафар маҳдуд карда буд. Дар ҳамин ҳол, ба тӯй даъвати танҳо хешовандони дар мавзеи гирду атрофи баргузории тӯй иқоматдошта имкон дошт.

Ҳамчунин аз 20 сентябр Комиссияи махсус ба баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ на танҳо дар фазои кушод, балки дар дохили биноҳои пӯшида низ иҷоза дод.

Дар ҳамин ҳол, созмондиҳандагони чорабинӣ ва ҳайати хизматрасонӣ бояд гувоҳнома (сертификат)-и QR-код дар бораи ваксина гирифтан дошта бошанд.

Ҳама бо шумули тамошобинон бояд ниқоби муҳофизатӣ дошта, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кунанд. Тасмими иҷозаи меҳмонон бидуни гувоҳнома дар бораи ваксина гирифтан, ба салоҳдиди худи созмондиҳандагони чорабинӣ вогузор шудааст.

Боз як сабуксозии маҳдудиятҳо - аз 24 сентябр бекор шудани талаботи баргузории намози ҷума дар фазои кушоди масҷидҳо мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣӣ Ӯзбекистон, то 18 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳудуди 3,7 млн нафар пурра ваксина гирифтаанд. Ҳадди ақалл як вояи онро 10,4 млн нафар гирифтаанд.

Ҳамагӣ 18,2 млн вояи ваксинаҳо истифода шудааст. Шумори ваксингирифтаҳо аз ҳама бештар дар водии Фарғона - вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон сабт шудааст. Дар ин вилоятҳо ҳамагӣ қариб ба 6 млн нафар ваксина гузаронида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.