Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои як тӯй дар Ӯзбекистон нашр шуд, ки навхонадорон дар озмун иштирок доштанд. Дар ин озмун арӯс ғолиб омада, ин кор ба домод маъқул намешавад ва ҷавон дар ғазаб шуда, ба пушти гардани арӯс сахт зарба мезанад.

Ҳеҷ кадоме аз мардоне, ки дар толор ҳузур доштанд, аз духтар пуштибонӣ накарда, дӯсти домод ошкоро механдид. Танҳо як зан омада, арӯси ҳайратзадаро аз сари дастархони «тӯёна» берун мебарад.

Ин навор сарусадои зиёде ба бор оварда, онро натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар хориҷи кишвар баррасӣ ва дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш доданд. Дар шабакаи Телеграми “Азия-Плюс” зиёда аз 400 нафар корбарон аз ин амали домод изҳори ошуфтагиву норозигӣ карданд.

Дар бораи навори видео чӣ маълум аст?

Мувофиқи маълумоти корбарон, ин ҳодиса ду сол пеш дар як тӯйе дар вилояти Сурхондарё рух додааст. Пас аз ин кор волидони арӯс духтарашонро ҳамон лаҳза аз тӯй гирифта, маросими издивоҷро бекор карданд.

Ҳозир ҳар ду қаҳрамонони навор бо оилаҳои нави худ зиндагӣ доранд.

Ҳушдори оғози сафар ба “дӯзахи ҳаёти оилавӣ”

Тавре ки Podrobno.uz хабар медиҳад, бисёр шахсиятҳои маъруф, аҳли ҳунари Русия, аз ҷумла Ксения Собчак, ровии телевизион Ксения Бородина, ҳунарманд Екатерина Волкова ба дастгирии арӯс изҳори назар карданд.

"Дар куҷо баргузор шудани тӯй муҳим нест. Муҳим он аст, ки мард аз як толори пури меҳмонон натарсида, ба сари арӯс мушт мебардорад. Аз он хашмгинам, ки чаро касе ба муҳофизати арӯс барнахост. Магар касе ба ин домод дар кӯдакиаш нафаҳмонидааст, ки ҷанҷолу муштбардорӣ кори хуб нест?”, - навиштааст Ксения Бородина.

Ба ин навори видео маҷаллаи маъруфи «Bild» низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

“Барои бархе ин рӯзи хушбахтӣ ва оғози ҳаёти оилавӣ аст. Лекин барои аксарияти занони ҷаҳон ин танҳо ҳушдори оғози сафар ба дӯзахи ҳаёти оилавист”, - навиштааст ин нашрия рӯзи 14 июн.

Дар нашрияи олмонӣ ин мавод “Арӯс бозиро мебурад - домод мушт мебардорад” номгузорӣ шудааст.

Тавре ки нашрия таъкид намудааст, ки ҳеҷ касе аз ҷояш хеста, домодро лату кӯб ё ба милитсия муроҷиат намекунад, ҳарчанд ба гумон аст, ки аз ин чизе ҳосил шавад, зеро хушунат нисбати занон дар Ӯзбекистон ба мисли ҳар рӯз нон харидан як падидаи маъмулист.

“Никоҳҳои маҷбурӣ ва тасаввуроти хубии занон танҳо барои хидмат кардан ба мардон, таваллуди фарзандон ва рӯзгордорӣ дар хона низ як падидаи маъмулист”, - менависад нашрияи олмонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.