Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар ҷараёни сафар ба вилояти Туркистон дар бораи мавҷи зиёди вуруди шаҳрвандони Русия ба ин кишвар изҳори назар намуда, зикр кардааст, ки ба онҳо кумак кардан лозим аст, менависад хабаргузории Фергана.

"Зарбулмасали қазоқӣ ҳаст, ки мегӯянд: "Муносибатҳои нек бо ҳамсояҳо - кафили оромӣ аст". Нигаҳ доштани созиш бо ҳамсояҳо хеле муҳим аст. Мо аз ин зиёне намебинем. Дар рӯзҳои ахир аз Русия одамони зиёде ба кишвари мо меоянд. Бисёрии онҳо маҷбур шудаанд, ки ба далели вазъи пешомада сафар кунанд”, - оварда шудааст гуфтаҳои ӯ дар сомонаи centralasian.org.

Тоқаев гуфтааст, “бисёрии онҳо маҷбур шудаанд, ки ба далели вазъи пешомада сафар кунанд ва мо бояд нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, амнияташонро таъмин кунем. Ин масъалаи сиёсӣ ва башарӣ аст. Ман ба ҳукумат дастури чораандешӣ додаам".

"Мо гирифтори буҳрон нестем ва мушаввашӣ ҳам надорем. Ҳукумат бояд корашро анҷом диҳад. Ба онҳое ки аз хориҷ омадаанд, кӯмак расонида мешавад, аммо онҳо ҳеҷ имтиёзе дарёфт нахоҳанд кард. Ҳама кор бояд мутобиқи қонун ва уҳдадориҳои мо анҷом дода шавад”, - таъкид доштааст ӯ.

Сарвари давлати ҳамсоя зикр кардааст, ки дар робита ба авҷгирии сафари русиягиҳо ба Қазоқистон бо ҷониби Русия гуфтугӯ хоҳад кард.

Тибқи маълумоти ахири ВКД Қазоқистон, аз 21 сентябр (яъне аз замони эълони қисман сафарбарсозӣ дар қаламрави Русия) ҳудуди 98 ҳазор шаҳрвандони Русия ба ин кишвар омада, 64 ҳазор нафар хориҷ шудаанд. Каме бештар аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ Рақами инфиродии идентификатсионӣ (ИИН) гирифтаанд, хабар медиҳад Orda.kz.

Бино ба маълумоти сомонаи махсуси Krisha.kz-и Қазоқистон, ахиран нархи иҷораи амволи ғайриманқул дар минтақаҳои Қазоқистон, ки бо Русия ҳамсарҳаданд аз 15 то 34 % боло рафтааст, ки сабабаш афзоиши талабот ба манзили зист унвон мешавад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои дохилии Қазоқистон Марат Ахметжанов изҳор доштааст, ки Қазоқистон маҷбур мешавад, ки шахсони барои дасткашӣ аз хидмат дар артиш мавриди ҷустуҷӯ эълоншударо ба ихтиёри Русия диҳад.

Тавре ки Интерфакс менависад, Ахметжанов зикр кардааст, ки “мо бо Русия дар бораи расонидани кумаки ҳуқуқӣ, табодули маҳкумшудагон ва истирдоди ҷинояткорон шартнома дорем.

“Маҳаки асосӣ ин ҷо ҳам дар мо ва ҳам Русия амали ҷавобгарии ҷиноятӣ дошта мебошад. Ғайр аз ин, дар сурати... мавриди ҷуситуҷӯ эълон шудани ӯ, мо чунин шахсонро муқаррар ва бо тартиби истирдод ба Русия интиқол хоҳем дод”, - иброз доштааст вазир.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.