Дар Осиёи Марказӣ тағйироти бузургмиқёси демографӣ ҷараён дорад, ки дар даҳсолаи наздик ояндаи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро муйаян хоҳанд кард. Мувофиқи гузориши минтақавии “Насли 2050 дар Осиёи Марказӣ”, ки бо дастгирии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) таҳия шудааст, имрӯз синни зиёда аз нисфи аҳолии Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон аз 30-сола поинтар аст.
Чунин ҳайати демографӣ барои ба даст овардани “фоидаи демографӣ” имкони хос фароҳам меорад: ҳиссаи афзояндаи аҳолии қобили кор метавонад ба рушди иқтисодӣ суръат бахшад. Аммо аз ин имкон метавон танҳо бо шарти сармоягузории назаррас ба сармояи инсонӣ истифода бурд.
Минтақаи ҷавон дар пасманзари пиршавии аҳолии сайёра
Дар пасманзари пиршавии босуръати аҳолии ҷаҳон, Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҷавонтарини АвруОсиё боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон синни миёна 22 сол, Қирғизистон - 25 ва Ӯзбекистон - 27 солро ташкил медиҳад. Тавре ки СММ иттилоъ медиҳад, то соли 2050 ин нишондиҳандаҳо нисбатан паст боқӣ монда, барои ҷаҳиши иқтисодӣ равзанаи имкониятҳо нигаҳ дошта мешавад.
Теъдоди аҳолии минтақа дар ҳоли афзоиш аст: аз 56 млн нафар дар соли 2000-ум он то ба зиёда аз 84 млн нафар дар соли 2025 афзуда, дар соли 2025-ум қариб ба 112 млн нафар мерасад. Аз ҳама бештар аҳодии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон меафзояд: аҳолии Тоҷикистон қариб 5 млн нафар ва Ӯзбекистон - зиёда аз 15 млн нафар зиёд мешавад. Теъдоди занони синни қобили таваллуд низ зиёд мешавад, ки сарфи назар аз коҳиши таваллуд, сатҳи устувори онро нигаҳ медорад.
Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ
Дар гузориш, зарурати сармоягузорӣ ба таълиму омӯзиш, тандурустӣ ва рушди малакаҳои насли ҷавон таъкид мешавад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин хеле муҳим аст, зеро ба камбуди сармояи инсонӣ дучор шудани минтақа идома дорад.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, кӯдакони имрӯз таваллудшуда метавонанд танҳо 50–60% имконияти истеҳсолии худро амалӣ кунанд, зеро ба таълиму омӯзиш, хидматрасонии тиббӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ дастрасии маҳдуд доранд.
Муаллифон огоҳ мекунанд, ки агар сатҳи сармоягузорӣ мисли пешина боқӣ монад, минтақа метавонад ба хавфи бекорӣ, нобаробарӣ ва аз даст додани имконоти иқтисодӣ рӯбарӯ шавад.
Фурсатро аз даст додан лозим нест
Дар гузориши ЮНИСЕФ зикр мешавад, ки имрӯз ҳар 100 сокини қобили кори Осиёи Марказӣ бояд рӯзгори тақрибан 60 нафарро таъмин кунад. Ин нишондиҳандаи таърихан паст аст, ки пас аз соли 2040 бо сабаби пиршавии аҳолӣ афзоиш меёбад. Ин маънои онро дорад, ки 10-15 соли наздик ҳалкунанда хоҳанд буд. Агар таҷдиди низомҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳозир гузаронида нашавад, рушди иқтисодӣ ба муҳлати даҳсолаҳо маҳдуд мешавад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки миллионҳо нафар сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар машғули кор буда, фарзандони онҳо дур аз волидон ба воя мерасанд. Ин ба эҳсос, таҳсилу давомнокӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Солҳои наздик бисёре аз муҳоҷирон дар синни нафақа ба ватан баргашта, сарборӣ ба хадамоти иҷтимоиро зиёд мекунанд.
Дар нимаи аср 60,5%-и аҳолии минтақа дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард. Аммо суръати рушди зерсохтор ҳоло ба рушди шаҳрсозӣ мувофиқ нест. Ин бахусус дар минтақаҳои босуръат афзояндаи шаҳрҳои Тошканду Душанбе ва Бишкек шадидан эҳсос мешавад.
Ба таъкиди муаллифони гузориш, вазъро тағйироти иқлим боз ҳам душвортар месозад: хушксоливу обшавии пиряҳо ва норасоии об ба кӯчбандии аҳолӣ ва сарборӣ ба шаҳрҳо боис мегарданд. Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳарчи бештар ва мавҷҳои гармӣ, ки ба солимии одамон ва иқтисод таҳдид мекунанд, дучор мешаванд.
Сармоягузорӣ ба хотири фардо
Коршиносон хотирррасон менамоянд, ки аз се ду ҳиссаи рушди ояндаи иқтисод маҳз ба маблағгузорӣ ба сармояи инснӣ вобаста хоҳанд буд. Ин чунин маъно дорад:
- дастрасӣ ба таълиму омӯзиши хушсифат аз синни барвақтӣ;
- тибби муосир ва ғизои солим барои кӯдакону наврасон;
- низоми ҳифзи иҷтимоӣ, ки оилаҳоро дастгирӣ мекунад;
- барномаи шуғл ва таълиму омӯзиш барои ҷавонон бо шумули духтарон ва занони ҷавон;
- тавсеъаи дастрасӣ ба об, беҳдошт ва муҳити бехатари шаҳр.
Агар ин тадбирҳо амалӣ шаванд, Осиёи Марказӣ метавонад бартарии асосии худ - насли ҷавону пурэнерҷӣ ва сершумори худро, ки симои минтақаро то соли 2050 ташакуул медиҳад, истифода барад.





