Дар ҷашни Рӯзи пойтахт гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар маркази шаҳри Душанбе таҳти унвони «Осмони Душанбе» иди ҷолиб -  нахустин фестивали бодбаракҳоро ташкил кард.

Вақте мо танҳо дар бораи баргузории он эълон кардем, дар поварақҳои шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳое ба мисли «бодбаракҳо ба тоҷикон чӣ муносибате доранд, шумо боз ба мо анъанаҳои бегонаро таҳмил мекунед!» пайдо шуданд.

Ин андешаҳо дуруст нестанд, зеро ба фазо сар додани бодбаракҳо анъанаи қадимаи мо низ ҳаст! Бо забони тоҷикӣ он «бодбарак» ё «лайлак» (воздушный змей) номида мешуд. Солҳои пеш он маъмулан баҳорон, дар ҷашни Наврӯз сурат мегирифт. Ин анъана то ҳол дар ҳамсоякишвари Афғонистон зинда аст: он ҷо ҳар баҳор муҳорибаҳои фазойӣ гузаронида мешаванд, ки дар он бояд бодбараки ҳариф «зада шавад». Дар ин кишвар ҳамаи бачаҳо метавонанд мустақилона бодбарак сохта, онро хеле моҳирона ба фазо сар диҳанд.

Қобили зикр аст, ки ин анъанаро адиби маъруфи Афғонистон Холид Ҳусайнӣ дар асари «Бодбаракбоз» хеле хуб ба қалам додааст.

Баъди анҷоми фестивал бисёре аз душанбегиҳои шиносу ношинос аз мо миннатдорӣ карданд. Дар ин чорабинӣ онҳо тавонистанд замони кӯдакии худро ба ёд оранд, ки аз газетаи «Правда» бодбарак месохтанд. Мардон мехостанд, ки бодбаракҳояшон ҳарчӣ баландтар равад. Ин кор бештар ба писарону духтарони хурдсоли онҳо хуш омад: дидед падари ман чӣ хел - ӯ беҳтарин аст.

Агар дастгирии ширкати «Оби зулол»  - яке аз истеҳсолкунандагони нӯшокиҳои ташнашикан ва шарбатҳо намебуд, шояд ин андешаи мо ҳамту андеша боқӣ мемонду халос. Ин ширкат шарики генералии чорабинии мо шуд ва ҷашн доир гардид.

Рӯзи 21 апрел ҳазорон душанбегиҳо ба боғи «Наврӯзгоҳ» омада, дар ин ҷо онҳоро бодбаракҳо, рақсу мусиқӣ, бозиву озмунҳо, ғизо ва нӯшокиҳо интизор буданд. Фестивал хеле шавқовару хотирмон гузашта, зиёд хостори онем, ки «Осмони Душанбе» дар пойтахт ба анъанаи нави зебо табдил ёбад. Охир хеле зебост, вақте болои сар бодбаракҳои гуногунранг ба алвонҷ медароянд!

Аз номи дастаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба ҳамаи касоне, ки ташаббуси моро дастгирӣ намуда, ин идро ба Душанбе ҳадя карданд, самимона миннатдорӣ изҳор менамоем.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.