Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, ИМА ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нисбати ҳумки содиршуда ба рӯзноманигори мустақил Хайрулло Мирсаидов  нигаронии қавӣ изҳор намуданд.

«Чӣ тавре маълумамон гардид, ҷаноби Мирсаидов ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Мо фикр менамоем, ки ин хеле ҷазои вазнин мебошад ва ба ҷинояте, ки ӯ айбдор шудааст, мувофиқат намекунад», - омадааст дар изҳороти ин намояндагиҳои дипломатӣ.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки ин ҳукм ба озодии cухан ва баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад ва даъват мешавад, ки мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон ин ҳукмро аз нав дида бароянд.

«Аз он нигаронем, ки натиҷаи ин мурофиаи судӣ кӯшишҳои моро дар соҳаи беҳтар намудани идораи хуби давлатӣ зери хатар монда, ба ин тариқ, ба ҳамкориҳои мо асари соя бизанад», - зикр мешавад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ин мурофиа аллакай ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуддаст. «Мо фикр менамоем, ки эҳтироми пурраи волоияти қонун, аз ҷумла, мурофиаи одилонаи судӣ ба манфиати худи Тоҷикистон мебошад ва барои кафолат додани дастгирии мамлакатҳои шарик дар ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нақшаҳои рушди худ муҳим аст», - таъкид мешавад дар хотимаи изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июли соли равон рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ аз рӯи ҳамаи айбномаҳои пешниҳодшуда - азхудкунӣ ё камомади воситаҳои давлатӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста маълумоти бардурӯғ додан гунаҳкор эътироф гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.