Роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев бар ин назар аст, ки ҷорӣ кардани ҷарима барои риоя накардани реҷаи ба истилоҳ “ниқобпӯшӣ” метавонад ба “шикорҳо”, сирояти дигарон ва ба вуҷуд омадани заминаи иловагӣ барои коррупсия боис гардад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш як гурӯҳ вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар тасҳеҳ ворид карда шавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дода буд, мувофиқи ин ташаббуси вакилон, барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” ҷарима ҷорӣ кардан зарур аст.

“Вакилон бо сабаби дар кишвар на аз ҷониби ҳама риоя шудани қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҳатман ниқоб доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва нақлиёт, ин масъаларо ба миён гузоштанд”, - қайд карда буд манбаъ.

Ба ақидаи роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев, роҳандозии чунин тадбирҳо танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар дар кишвар мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи реҷаи ҳуқуқии вазъи фавқулода” карантин эълон шавад.

“Дар ин ҳолат барои риоя нашудани реҷаи карантин ва қоидаҳои ҳузур дар кӯча ҷазо ҷорӣ кардан мумкин аст. Лекин ҳозир, вақте ки карантин несту аксарияти шаҳрвандон кумакпулӣ намегиранд, онҳо маҷбуранд, ки ба кор рафта, рӯзгори аҳли оилаашонро таъмин созанд. Агар давлат ба аҳолӣ бепул ниқоб тақсим накунад, ҷалби одамон ба ҷавобгарӣ барои надоштани ниқоб ҷоиз нест. Ниқобро ҳар 2-3 соат иваз кардан зарур аст. Ҳама имкон надоранд, ки ҳамарӯза онро 5-6 бор иваз кунанд”, -  изҳори назар кардааст Наврӯз Одинаев дар саҳифаи ширкати “Ҳимоя” дар Facebook.

Ба навиштаи ӯ, ҳамчунин таҳияи худи механизми ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба масъулият душвор хоҳад буд.

“Дар мо маъмулан ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро бо худ намегиранд. Лозим меояд, ки қонуншиканро боздошт карда, барои муайян кардани шахсият онҳоро ба шуъба бурд. “Шикорҳо” хеле зиёд мешаванд ва албатта, ин як заминаи иловагӣ барои коррупсия мешавад”, - чунин мешуморад ҳуқуқшинос.

Наврӯз Одинаев мегӯяд, ҳангоми ба милитсия бурдани боздоштшудагон хоҳу нохоҳ онҳо бо дигарон алоқа карда, ин ба сироятёбиҳои нав боис мегардад.

“Хайр, ҷарима карданд, чӣ хел онро меситонанд? Кам касоне даромади доимӣ доранд. Сарбории иловагӣ ба судиҷрочиён. Ин ҷо чун дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ намешавад, ки барои ихтиёрӣ пардохтани ҷарима шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта шавад. Ба сурати умум, бар ин назарам, ки барои ниқоб надоштан ҷарима ҷорӣ кардан зарурат надорад. Дар ҳолати мо дигар хел рафтор кардан лозим аст, яъне ба одамон ба муассисаҳову мағоза, нақлиёти ҷамъиятӣ, толори варзишӣ ва дигар макону биноҳои сериздиҳом бе ниқоб даромаданро манъ кардан зарур аст, ки ҳозир ҳамин кор амалӣ мешавад”, - илова кард Одинаев.

Вобаста ба пандемия дар Тоҷикистон расман карантин эълон нашуда, лекин рӯзи аввали эълони ҳолатҳои аввали ошкор шудани сироят дар кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 қарор кард, ки пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои ҳама шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.