Сиёсатшиноси тоҷик бовар дорад, ки минбаъд дар Қирғизистон президент дарвоқеъ ҳам кафили субот ва рушди кишвар шуда метавонад.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки чизи муҳим дар интихоботи рӯзи якшанбе дар Қирғизистон барпошуда на интихоби худи президент, балки раъйпурсӣ дар бораи шакли ҳокимият аст.

Ӯ муътақид аст, ки гузаштан аз шакли идоракунии парлумонӣ ба шакли ҳокимияти президентӣ дар кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон, ки аксари кулл аз он ҷонибдорӣ намуданд, вазъияти сиёсиро дар Қирғизистон куллан дигар мекунад.

“Акнун президент Ҷабборов бо ваколатҳои зиёдаш аз тағйирот дар долонҳои парлумону вазъият дар кӯчаҳои шаҳрҳо вобаста нахоҳад буд, балки бидуни назардошти ақидаи гурӯҳе ҷасурона фаъолияти ҳамаи вазоратҳоро ҳамоҳанг хоҳад сохт”, - таъкид дошт Мамадазимов.

Ба ақидаи сиёсатшинос, дар Қирғизистон “ҳокимияти ковоку ларзон ба идоракуниии қатъиву устувор иваз шуд”.

“Маҳз ҳукмронии қатъиву устувор метавонад ба баҳсҳои чандинсола ва бенатиҷаи Қирғизистон бо ҳамсояикшварҳо дар масоили таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки марз хотима бахшад”, - афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.