Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 28-29 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид намуд. Дар доираи ин сафар сарони кишварҳо дар қароргоҳи ҳукумат дар Варзоб сайругашт намуда, як ба як зиёда аз шаш соат суҳбат карданд. Ҳамчунин гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо доир гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои он чор созишнома ба имзо расида, инчунин изҳороти муштараки сарони давлатҳо садо дод. Лекин вобаста ба сарҳад чизе имзо нашуд.

Изҳороти сарони кишварҳо

Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов нишасти матбуотӣ баргузор намуда, ба баъзе аз ҷузъиёти гуфтушунидҳо равшанӣ андохтанд, аз ҷумла ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ.

“Масъалаи дар давраи оянда имзои Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро, ки қаблан дар маҷмӯъ мувофиқа шуда буд, муҳокима кардем.Тибқи лоиҳаи Ҳуҷҷат, тақрибан 520 хати сарҳади давлатӣ тасвир шудааст. То имрӯз 32 километри дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шудааст, - гуфт Э. Раҳмон.

Раисҷумҳури Қирғизистон ҳам дар ин нишаст барои хабарнигорон аз гузоштани гомҳо барои ҳалли ҳама гуна масъалаҳои марзӣ хабар дод.

«Мо барои оянда гомҳое барои ҳалли ҳама гуна масоили марзӣ  ва кори фаъолмандонаи тафсири хати марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштем”, - гуфт ӯ.

Баъдан хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон иттилоъ дод, ки ҷонибҳо доир ба дарёфти қарори барои ҳар ду тараф муносиб дар масъалаи сохтмон ва истфодаи роҳҳои наздисарҳадӣ ба созиш расидаанд.

Натиҷаҳои гуфтушунид ҳоло таъсирбахш нестанд

Мо аз коршиносон пурсидем, ки вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунанд ва дар маҷмӯъ, ояндаи наздик ҳалли мушкилоти марбут ба сарҳадро метавон интизорӣ дошт?

Таҳлилгари тоҷик Марат Мамадшоев ин вохӯриро ба сурати умум мусбат арзёбӣ мекунад, зеро “хеле муҳим он аст, ки ҷонибҳо вохӯрда, бо ҳамдигар гуфтугӯ карданд”.

“Дар ниҳояти кор, ин имкон медиҳад, ки вазъияти сарҳад зери назорат бошад. Ҳар ду ҷониб ҳам манфиатдоранд, ки ин низоъ зудтар ҳал шавад. Аммо натиҷаҳои гуфтушунид алҳол таъсирбахш нестанд. Ба гурӯҳҳои корӣ оид ба сарҳад лозим аст, ки ба корашон тақвият бахшанд. Барои ин вақти зиёд нест, чунки аҳолии наздимарзӣ аз кандашавии робитаҳо ба душвориҳо дучор гардида, ҳар ду кишвар ҳам зиён мебинанд”, - мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ӯ, пешгӯйӣ кардан хеле душвор аст, чунки ба назар менамояд доираҳои ҳукмрони ҳар ду кишвар ба созиш расиданианд.

“Лекин мо намедонем, ки худи гуфтушунид дарвоқеъ чӣ гуна сурат мегирад”, - изҳор дошт Мамадшоев.

Ба қавли ин коршинос, шакли гуфтушуниди махфии сарони давлатҳо самаранокии худро нишон надод, ҳарчанд он хеле тӯлонӣ ҷараён дошт.

Марат Мамадшоев

“Ҷонибҳо, яъне ҳукуматҳои ҳар ду кишвар бояд мавқеи худро ба ҳамагон маълум сохта, аз ҷумла бо аҳли ҷомеаи худ дар ин бора гуфтугӯ кунанд. Ҷомеаро аз нақшаҳои худ огоҳ созанд ё саҳеҳтараш то қабули қарор бо мардум машварат кунанд. Ин ҷиҳати роҳ надодан ба бисёр иштибоҳҳо ва коҳиши дараҷаи шиддат дар сарҳад имкон медиҳад”, - афзуд Мамадшоев.

То охири сол кишварҳо ба марра наздик мешаванд

Сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён низ ба вохӯрии сарони кишварҳо баҳои мусбат медиҳад, зеро ба ақидаи ӯ, ҳар ду кишвар ҳам ҷиҳати муътадил гардидани муносибот ва ҳалли ҳамаи мушкилот манфиатдорӣ нишон доданд.

Шералӣ Ризоён

Ба гуфтаи ӯ, худи далели баргузории вохӯрии мазкур гувоҳи он аст, ки ҳар ду кишвар ҳам ба анҷоми ҳарчи зудтари таъйин ва аломатгузории сарҳад манфиатдоранд.

“Метавон интизорӣ дошт, ки сарфи назар аз арзёбии гуногуни коршиносон, то охири соли 2021 барои наздик шудан ба марра комиссияи байниҳукуматӣ корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад. Зеро ҳалношуда боқӣ мондани масъалаи сарҳад ба дигар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон монеъа эҷод намуда, инчунин ба ҷараёни кунунии густариши ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ созгор нест.

Умедвор мешавем, ки раҳбарияти сиёсии Қирғизистон бо дарки тамоми муҳимият ва душвории масъала, ҳама кори имконпазирро анҷом хоҳад дод, то ки ин масъала дар асорати муборизаи сиёсии дохилӣ боздошта нашавад ва ба ҳалли ҳарчи зудтари ин масъалаи муҳиму рӯзмарра масъулият ба дӯш мегирад”, - илова кард Ризоён.

"Ҳамаашро бо нияти неки ҳусни ҳамҷаворӣ ҳал кардан лозим аст, на бо мақсадҳои сиёсӣ"

Сиёсатмадори қирғиз Феликс Қулов мегӯяд, дар изҳороти муштараки сарони давлатҳо қариб ҳамаи масоили муҳим ва рӯзмаррае, ки бояд эътимодро барқарор созанду вазъи суботро дар қитъаҳои наздисарҳадӣ таъмин намоянд, зикр шудааст.

Феликс Қулов

“Бешакку шубҳа, тавре мегӯянд, баъзе чизҳо пушти парда монд ва “баъзе чизҳо” умеду кафолат медиҳад, ки чизи дар гузашта рухдода такрор намешавад”, - иброз доштааст Қулов.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба пешгӯйии муҳлати анҷоми таъйин ва аломатгузории сарҳад ин ҷо на дар бораи муҳлатҳо, балки дар бораи расидан ба созишҳои қобили қабули ҳар ду ҷониб ҳарф мебояд гуфт.

“Дуруст мебуд, пеш аз ҳал шудани масъалаи мансубияти қитъаҳои баҳсӣ, истифодаи адолатноки муштараки онҳо муайян шавад. Масалан, сохтмони марказҳои логистикӣ (тақсими маҳсулот, ҳамлу нақл, хизматрасониҳо ва ғайра), таъсиси бозорҳои савдои озоди гумрукӣ, иттиҳодияҳо (кооперативҳо)-и муштараки коркарди замин ва ғайра. Хулоса,. ҳамаашро на баҳри мақсадҳои сиёсии мансабдорон, балки оқилона, бо нияти неки ҳамсоягӣ ба манфиати аҳолии маҳаллӣ ҳаллу фасл кардан лозим аст”, - илова кардааст сиёсатмадор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.