Тибқи қарори Анҷумани Иттиҳодияи самбои Осиё (ИСО), ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар ҷаласа намояндагони 22 давлати қораи Осиё иштирок кардаанд.


Гуфта мешавад, президенти Иттиҳодияи самбои Осиё Аламҷон Муллоев зимни суханрониаш ба роҳбарияти федератсияҳои миллӣ барои рушди самбо дар қора изҳори сипос намуд.

“Ба иштирокчиён, ҳамчунин аз рафти баргузории мусобиқаи самбо дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта (Индонезия), Фестивали ҳунарҳои размӣ дар Чунҷу (Кореяи Ҷанубӣ) ва Чемпионати Осиё дар Деҳлӣ (Ҳиндустон) директори генералии ИСО Суреш Гопӣ гузориш дод”, - омадааст дар маълумот.

Дар анҷуман бо дастгирии аъзои он Федератсияи самбои Баҳрайн ба узвияти Иттиҳодияи самбои Осиё қабул гардида, ба федератсияҳои самбои Макао ва Ҳонг Конг мавқеи узви комилҳуқуқи ИСО дода шуд.

Зикр мегардад, ки дар қисмати охири ҷаласа маҳали баргузории Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2020 шаҳри Бали (Индонезия), 2021 – Тошканд (Узбекистон), 2022 – Хуҷанд (Тоҷикистон) интихоб шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.