Дар даври дуюми мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасон (U-17) дар Бразилия мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1:5 аз тими Испания шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бо вуҷуди бохт шогирдони Зайниддин Раҳимов ҳоло ҳам барои дарёфти роҳхат ба даври 1/8 финалӣ имкон доранд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” мунтахаби наврасони Аргентина дастаи Камерунро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъд аз ду давр бо касби 4-имтиёзӣ дастаҳои Испания ва Аргентина дар садри ҷадвали гурӯҳи “Е” қарор дошта, иштироки худро дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқа таъмин карданд.

Барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 финалӣ ба Тоҷикистон натиҷаи мусовӣ дар бозии охир бо тими Аргентина кофист. Ин бозӣ рӯзи якшанбе, 3-юми ноябр дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade» дар шаҳри Кариасикаи Бразилия баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 01:00-и 4-уми ноябр ба вақти Душанбе.

Аз рӯйи натиҷаи қуръапартоии Чемпионати ҷаҳон-2019 байни наврасон 24 даста ба 6 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба даври минбаъдаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ҳамчунин 4 дастаи зинаҳои сеюми гурӯҳҳо бо нишондодҳои беҳтарин роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.