Даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат ба охир расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии охири даври сеюм байни дастаҳои “Кӯктош” ва “Хуҷанд мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Натиҷаи бозиҳои дигари даври сеюм, ки рӯзҳои истироҳат баргузор гардида буданд, чунинанд: “Регар-ТадАЗ” – “Истаравшан” – 4:1; “Душанбе-83” – «Файзканд” – 0:0, “Истиқлол” – “Хатлон” – 2:2 ва КМВА – “Локомотив-Помир” – 3:1.

Бозиҳои даври чоруми   Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои  25   ва 26 апрел баргузор мешаванд: 25 апрел: «Файзканд» – «Истаравшан»; «Истиқлол» – «Кӯктош»; 26 апрел: «Локомотив-Помир» – «Хатлон»; «Душанбе-83» – КМВА ва «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ».

Ҷадвали мусобиқа пас аз се давр

 

 Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

Х

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

11-2

7

2

«Хатлон» (Бохтар)

3

2

1

0

7-5

7

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

1

2

0

4-1

5

4

«Файзканд» (Восеъ)

3

1

2

0

5-4

5

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

3

1

1

1

6-4

4

6

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

3

1

1

1

4-5

4

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

6-5

4

8

КМВА (Душанбе)

3

1

0

2

4-6

3

9

«Душанбе-83» (Душанбе)

3

0

1

2

0-8

1

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

0

0

3

2-9

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб; Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 3-тӯбӣ; Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шерзод Маҳамадиев, Диловаршо Ғаниев (ҳар ду – «Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.