Дар бозии ниҳоии марҳилаи дуюм “Сипар”-и Хуҷанд тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби калони 19:3 мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Сипар” ва “Соро компания”-и Душанбе, ки аз рӯйи натиҷаҳои марҳилаи якум зинаҳои аввалро ишғол намуданд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, акнун ҳарифони худро дар ин марҳила интизор мешаванд.

Ҷуфтҳои чорякфиналӣ иборатанд аз: “Муҳоҷир” - “Самандар” ва “Истаравшан” - “Равшан”. Бозиҳои даври чорякфиналӣ аз силсилаи то ду ғалаба иборатанд.

Ғолибони вохӯриҳои чорякфиналӣ ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, бо “Сипар” ва “Соро компания” вомехӯранд, ки ду бозии аввалро дар майдонашон мегузаронанд.

Ғолибони даври нимфиналӣ дар вохӯрии финалӣ ва дастаҳои шикастхӯрда барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд.

Мувофиқи регламенти чемпионат, вохӯрии финалӣ ва бозӣ барои ишғоли ҷойи сеюм аз бозиҳо то се ғалаба иборатанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.