Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск (Беларус) ғолиб дониста шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии охирини мусобиқа футболбозони навраси тоҷик тими миллии Беларусро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Дар ду бозии аввали мусобиқа футболбозони тоҷик бар ҳамсолони худ аз дастаҳои Қазоқистон (7:1) ва Молдова (5:1) дастболо шуда буданд.

Ба ин тариқ, мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) аз 9 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, капитани даста Меҳрубони Абдурауф беҳтарин ҳимоятгар ва нимҳимоятгар Хусрав Тоиров бозингари беҳтари мусобиқаи “Ҷоми рушд-2021” эътироф гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.