Рӯзи панҷшанбе, 11 феврал даври финалии ҷашнии 10-уми мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз мегардад. Бозиҳо дар Варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд.

Ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, пеш аз оғози ин давр рӯзи 8 феврал маросими қуръакашӣ барои тартиб додани тақвими бозиҳо доир гардид. Дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, 7 даста - беҳтарин дастаҳои мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок мекунанд.

Дар гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) ва дар гурӯҳи «Б» «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо ҳам рақобат мекунанд.

Мувофиқи регламенти мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021, аз рӯйи натиҷаи бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври 1/2 финалӣ роҳхат мегиранд. Баргузории бозии финалӣ Ҷоми ФФТ рӯзи 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Дар даври аввали марҳилаи финалии мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 11 феврал бозиҳои зерин баргузор мешаванд: КМВА – «Истиқлол», «Равшан» – «Мастчоҳ» ва «Барқчӣ» – «Хатлон».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.