Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

“Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид”, - омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, дар мусобиқа, 6 варзишгари дигари Тоҷикистон– Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.