Ҷудокори маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия дар мусобиқоти ҷудои вазни то 90 кг ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Комроншоҳ бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омада, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.

Сурат: аз Instangram-и варзишгар

Гуфта мешавад, намояндагони дигари Тоҷикистон Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медалҳои медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдрас мешавад, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ба ин тариқ, Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.

Пас аз натиҷагирии ҳашт рӯз дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 43 медали тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ (121 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 37 медали тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ (116 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳо 18-уми август анҷом меёбанд. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.