Дар даври дуюми мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2022 оид ба футзал дар гурӯҳи “В” мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:3 аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозӣ бо дастаи Ӯзбекистон аз дастаи мо Файзалӣ Сардоров ду гол зад.

Бозии дигар дар ин гуруҳ байни дастаҳои Туркманистон ва Баҳрайн мусовӣ - бо ҳисоби 4:4 анҷом ёфт.

1/3

Баъди ду давр тими миллии Ӯзбекистон бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «В» пешсаф аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз дорад.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 1 октябр тими миллии Тоҷикистон бо Туркманистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Барои ба даври чорякниҳоӣ баромадан, дастаи моро дар ин вохӯрӣ ҳадди ақал мусовӣ басанда аст.


Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи “Саъд ал-Абдулло” дар Ал-Кувейт доир мегарданд. Дар ин мусобиқа 16 даста ширкат варзида, ба 4 гуруҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чаҳорякфиналӣ роҳ меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.