Тоҷикдухтар Фоиима Мирзохонова дар озмуни International Fashion House пирӯз дониста шуда, ҳамчунин дар номинатсияҳои «Супер Модел 2017» ва «Маликаи Осиёи Марказӣ» (Мисс Центральная Азия) ғолибиятро ба ӯ сазовор донистаанд.

Фотима дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин робита навиштааст, ғайр аз ин, ба Мирзохонова ба маблағи 1000 евро сертификат ва даъват ба озмунҳои зебоӣ дар Монако ва Маскав низ тақдим шудааст.

аз саҳифаи шахсӣ дар Фейсбук

Фестивали зебоӣ ва мӯд дар Алмааато рӯзҳои 20-22 апрел дар маҷмааи фароғатии «Метро» баргузор шудааст.

Форуми байнулмилалии модел ва истеъдодҳо "Fashion house international"  майдонест, ки барои дарёфт ва пешбурди фаъолияти симо ва истеъдодҳои нав дар ҷаҳони тиҷорати модел ва шоу роҳандозӣ шудааст.

Дизайнери тоҷик Хуршед Сатторов бо моделҳо аз Тоҷикистон
шабакаҳои иҷтимоӣ

Иштирокчиёни ин озмун имкон пайдо мекунанд, ки натанҳо дар Қазоқистон, балки дар хориҷи кишвар ва даври финалии форуми "Fashion house international" иштирок карда, бо ширкатҳои пешрафтаи модел ва рекламаи хориҷӣ қарордодҳо ба имзо расонанд.