Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии ниҳоии даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 аз тими Аргетина бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Голи дастаи Тоҷикистонро Рустам Соиров аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳӣ мунтахаби Испания дастаи Камерунро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар гурӯҳи “Е” тими наврасони тоҷик аз се бозии анҷомдодаи худ 3 имтиёз ба даст оварда, аз роҳхат ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ ва ҳаққи идомаи бозӣ дар Чемпионати ҷаҳон-2019 маҳрум шуданд. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Аргентина ба даври дигар баромаданд.

Дар даври 1/8-финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон дастаҳои Ангола бо Кореяи Ҷанубӣ, Нигерия бо Ҳолланд, Ҷопон бо Мексика, Испания бо Сенегал, Бразил бо Чилӣ, Фаронса бо Австралия, Эквадор бо Италия ва Парагвай бо Аргентина вомехӯранд. Бозиҳои ин давр 5, 6 ва 7-уми ноябр баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи Тоҷикистон ягона тим аз байни тамоми кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.