Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо Мянма (14 ноябр, Манндалай) ва Қирғизистон (19 ноябр, Бишкек) мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи Малайзия вохӯрии дӯстона баргузор кард.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ рӯзи шанбе, 9 ноябр дар варзишгоҳи Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом пазируфт. Тӯби ягонаро Муҳаммад Сафавӣ Расид дар дақиқаи 72-юм ба дарвозаи Тоҷикистон равона кард.

Гуфта мешавад, қариб тамоми қисми дуюми бозӣ теъдоди бозигарони Тоҷикистон як нафар кам буд, зеро аллакай дар дақиқаи якуми қисми дуюми вохӯрӣ дарвозабони дастаи Тоҷикистон дар берун аз ҷаримагоҳ бо даст бозӣ карда, аз майдон хориҷ шуд.

Субҳи рӯзи 12 ноябр мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 тариқи транзит аз Бангкок ба Мандалай  парвоз мекунад. Вохӯрии тимҳои мунтахаби Мянма ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 14 ноябр баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.