Алишер Бобоев, як ронандаи хатсайри автобуси №43, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба як мусофир рӯзи 14-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки нисбати Алишер Бобоев бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, Суди ноҳияи Фирдавсӣ ӯро 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт.

Ин ронанда бинобар тезонидани суръати ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва ба якборагӣ боздоштани он, мусофиронро аз по афтонида буд.


Рафтори ронанда боиси эътирози мусофирон гардид ва яке онҳо аз Алишер Бобоев хост, то нақлиётро оҳиста ронад. Ронанда аз ин эроди мусофир ба хашм омада, ба сари ӯ даст бардошт.

Навори муноқишаи ронанда 14-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва вокуниши шаҳрвандонро ба бор овард.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба пулис муроҷиат карда, талаб намуданд, ки нисбати Алишер Бобоев чора андешад.

Ҳамон рӯз "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар дода буд, ки ин амали Алишер Бобоевро дар ҳузури ҳамкоронаш баррасӣ карда, ӯро бар асоси моддаи 42, қисми 17-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон аз кор озод карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед