Президенти Тоҷикистон имрӯз, 27-уми сентябр, зимни суханронӣ дар Донишкадаи забонҳои хориҷии Тоҷикистон, ба ҳукумати кишвар дастур дод, ки “бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик” маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ таъсис диҳад.

Президент аз ҷумла гуфт, ки дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ барои таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 таъкид намуд: “Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.