Дар саросари кишвар маъракаи иттилоотиву фароғатии «ПУЛ» оғоз гардид. "ПУЛ" он чизе мебошад, ки ҳар яки мо бо он ҳар рӯз рӯ ба рӯ мешавем.

Оё мо метавонем доимо бо пул муносибати дуруст ва муассир бисозем? Чӣ метавонад ба мо ёрӣ расонад, то ки мо аз вазъият бештар мустақил шавем, озодона интихоб кунем ва ба сӯи ҳадафҳо ва орзуҳои худ ҳаракат кунем? Инҳо саволҳое ҳастанд, ки маъракаи “ПУЛ” ба онҳо ҷавоб хоҳад дод.

Дар тӯли моҳҳои наздик шуморо як қатор чорабиниҳои фароғатию беназир интизоранд, ки дар онҳо каҳрамонони силсифилм ва одамони воқеӣ аз ҳикояҳои худ нақл мекунанд.


Ин ҳам силсилафилми «Дӯкон», аз тарафи гуруҳи пуртаҷриба, инчунин бо ҳайати ситораҳо мебошад.

Панҷ чорабинӣ «Дар бораи ПУЛ» дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ки дар як саҳна ҳам шахсиятҳои маъруфи кишвар ва ҳам мардуми оддии тоҷик қиссаҳои шахсии худро дар бораи пул нақл хоҳанд кард.

Инчунин, ду маъракаи иҷтимоӣ гузаронида мешаванд, ки дар он саволҳои тез барои тоҷикистониён ногаҳонӣ пешниҳод карда мешаванд. Аз яке аз чунин маъракаҳо мо ба шумо маъмултар нақл хоҳем кард. 

Ҳар яки мо ба хатогие роҳ медиҳем, вақте ба қарорҳои бо пули худ чӣ кор кардан меоем: чӣ гуна онҳоро ба нақша гирем, онро чӣ гуна сарф кунем, кай қарз гирем, кай ва чӣ қадар барои оянда захира кунем. Аксар вақт қарорҳои нодуруст, аз ҷумла қарорҳои мо дар бораи пул, аз таъсири муҳити атрофамон ба вуҷуд меоянд. Мо муайян кардем, ки то чӣ андоза фишори иҷтимоӣ (омма)  метавонад ба қарорҳои мо таъсир расонад. Барои ҳамин дар Тоҷикистон аввалин маротиба тадқиқоти иҷтимоие гузашт, ки худи ҳамон “таъсири омма”- ро дар вақти гирифтани қарорҳо нишон хоҳад дод. 

Алакай, чанл сол пеш ин гуна тадқиқотҳо, дар дигар давлатҳо гузаронида шуда буданд ва нишон доданд, ки мардум бо қарорҳои нодурусти аксарият рӯ ба рӯ шуда, ба роҳи аксарият розӣ мешаванд, новобаста аз оне, ки дар дил аз он норозиянд. Бо назардошти ин падида, як тадқиқоте, ки дар Тоҷикистон тирамоҳи соли 2022 анҷом шуда буд, таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба тасмимгириҳо дар бораи пулро таҳқиқ кардааст. Зеро гуфтаҳои «Одамон чӣ фикр мекунанд?» – ин ҳамон «таъсири омма» аст, ки иштирокчиёнро дар тамоми чахон мачбур сохт, ки суханҳои аёнро радъ кунанд ва ба ақидаи дигарон пайравӣ намоянд.

Барои тадқиқот 13 хоҳишмандон аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон интихоб шуда буданд, ки айни ҳол дар Душанбе зиндагӣ карда истодаанд. Аз рӯи шартҳои тадқиқот хоҳишмандон дар бораи нуқтаи назари асосии тадқиқот намедонистанд. Ба онҳо пешниҳод карданд, ки ба 13 савол ҷавоб диҳанд ва як қадам ба пеш гузоранд, агар онҳо бо саволи додашуда розиянд. Дар назди ҳар яке аз хоҳишмандон 6 актёр буданд, ки дидаву дониста ба пеш қадам мегузоштанд, дар ҳолате ки шахси фикри худро дошта дар ҷояш меистод. Хусусан актёрҳо ҳамон “таъсири омма”-ро месохтанд.

“Ин тадқиқот дар бораи он аст, ки чӣ тавр ба одамон омма таъсири худро мерасонанд. Масалан, тибқи натиҷаҳои тадқиқоте, ки дар соли 2020 гузаронида шуда буд, маълум гардид, ки 61% занон сарфи туҳфаҳо ва чорабиниҳоро беасос ва аз ҳад зиёд мешуморанд. Этот эксперимент о том, как люди подвержены влиянию толпы. Вале онҳо хомушанд, чунки дар фикри онанд, ки “ин гуна қабул аст”, ин ҳамаро қонеъ мегардонад ва зид баромадан маънои “зоғи сафед” шуданро дорад. Аз 10 6 нафари ин занҳо алакай барои тағийрот тайёр ҳастанд, вале фикри онро доранд, ки касе ба ақидаи онҳо шарик нест”, - чунин мегуяд мутахассиси ҷамъиятшиносӣ Мадина Имомбердиева.

«Бо ин тадқиқот мо мехостем  на танҳо то чӣ андоза ба андешаи аксарият вобаста будани худро нишон диҳем, балки аксар вақт “аксарият” низ метавонанд ба таври дигар фикр кунанд, танҳо қадами аввал барои оғоз кардани тағийрот дар ин ҷо лозим аст».

Дар хотир бояд дошт, ки мо ба «муд» ва андешаи дигарон пайравӣ намуда, аксар вақт некӯаҳволии худ ва устувории буҷаи оилаи худро зери хатар мегузорем. Дар навор бубинед, ки аз иштирокчиёни тадқиқоте, ки ба масрафи зиёдатӣ ва исрофкорӣ бахшида шудааст, чӣ ҷавобҳои ғайричашмдошт гирифтанд.

 

 

Шумо метавонед чӣ гуна гузаштани тадқиқотро аз тарафи  дигар иштирокчиён дар саҳифаи расмии  www.PUL.asia бинед. (пайванд ба саҳифаи тадқиқот)

Барои маҳкум кардани хоҳишмандон нашитобед. Шумо фикр мекунед, ки ба таври дигар амал мекардед? Вале аксарияти одамони олам новобаста аз миллату соҳаи иҷтимоӣ, қадам ба пеш мегузоранд – аз пайи омма.

Тадқиқоти иҷтимоӣ танҳо як қисми маъракаи калон, бо номгузории "ПУЛ" аст.

Шумо метавонед маълумоти бештарро дар бораи ин маърака аз саҳифаи расмии www.PUL.asia ва инчунин дар саҳифаҳои расмии шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кунед:

1. http://www.instagram.com/pul.asia

2. https://www.facebook.com/pul.tj

3. https://ok.ru/group/70000000710266

4. https://www.youtube.com/channel/UC0YJboW3CPLh5JtlbPBATCA

Биёед якҷоя анаъанаҳои нави молиро созем.

ПУЛ – Сарфакор бош! Ба нақша гир! Пасандоз намо!