Ду сокини ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров хангоми тахриби бино зери девори он монда, ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса як рӯз пеш дар шаҳри Конибодом рух додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандиӣ, ин ду нафар, ки яке 43 ва дуюмӣ 35 сол доштанд, сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф буда, дар шаҳри Конибодом ба ҳайси коргари кироя фаъолият доштанд.

Биное, ки ин ду нафар зери девори он мондаанд ба ҶДММ “Асрор” тааллуқ дошта, он қаблан корхонаи тавлиди равған будааст.

Ҳоло мақомот сабаби ин ҳодиса дақиқ карда мешавад. Бино ба фарзияи пешакӣ, яке аз сабабҳои асоси метавонад “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор” бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.