Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро маъқул дониста, онро барои баррасӣ ба парлумони кишвар фиристодааст.

Дар ин бора сомонаи раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфтааст, ки  ин тарҳ имрӯз, 31-уми июл, дар маҷлиси ҳукумати кишвар маъқул дониста шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи нигаронӣ карда буд.

“Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”, - гуфта буд ӯ.

Он замон раисҷумҳур ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

Баъдтар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин қонун он аст, ки омӯзгорон танҳо ба таълим машғул бошанд ва ба корҳои дигар ҷалб нашаванд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, "ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба дарси омӯзгор халал расонад, ҳатто вазир".

Сокинон дар бораи мақоми омӯзгор чӣ мегӯянд? Дар навори зерин бубинед:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.